Дар Душанбе Фестивали филмҳои кореягӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 28.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 октябр то 4 ноябри соли равон дар Душанбе «Фестивали филмҳои кореягӣ дар Тоҷикистон-2022» баргузор мегардад, ки он ба 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея бахшида мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маросими ифтитоҳи ҷашнвора соати 18:00-и 29 октябр баргузор шуда, дар он роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати фарҳанг, масъулини синамо ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ ширкат хоҳанд кард.
Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок иброз дошт, ки Фестивали мазкур барои табодули таҷрибаи ҳарду кишвар дар соҳаи санъати синамо ва минбаъд густариш ёфтани он мусоидат менамояд.
Намоиши филмҳои кореягӣ аз 29 октябр то 4 ноябр — 16 маротиба дар кинотеатри «Кохи Наврўз»-и шаҳри Душанбе баргузор мегарданд. Дар ин Фестивал филмҳои коргардонон Ҳан Ҷерим- “Симо”(Квансанг с. 2013), Че Донгҳун “Қатл” (Амсал, с. 2015) ва Ли Гебёк “Хушбахт” (Локи с. 2016) ва ғайраҳо намоиш дода мешаванд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






