Дар Душанбе Конфронси минтақавии иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24-25 октябр дар шаҳри Душанбе Конфронси минтақавии иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (ФИКМТ) хабар доданд.
Конфронси мазкур дар доираи силсилачорабиниҳо бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки бо ташаббуси ФИКМТ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат 24 октябр таҷлил гардид, доир шуд.
Дар кори он масоили мубрами иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбарон ва фаъолони иттифоқҳои касабаи кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва ҳайати Ташкилоти байналмилалии меҳнат иштирок намуданд.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Нематзода иброз дошт, ки маҳз бо ташаббуси роҳбарони федератсияҳои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар таърихи беш аз 100-солаи иттифоқҳои касаба дар минтақа бори нахуст соли 2021 Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ таъсис дода шуд, ки соли дуюм аст фаъолона амал мекунад. Дар ин давра аллакай шумораи кишварҳои аъзои он бо ворид шудани ҷумҳуриҳои Қирғизистону Муғулистон ба панҷ адад расида, бо Ташкилоти байналмиллалии меҳнат ва дигар ташкилоти соҳавӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст.
Зимни конфронс гузориши ҳайатҳои иштирокчӣ дар мавзӯи «Дар бораи мавқеи иттифоқҳои касаба дар таъмини риояи ҳуқуқи кормандон ба бехатарӣ ва солимии шароити меҳнат дар қонунгузорӣ ва дар амал» пешниҳод гардид.
Ҳамчунин ҳадафҳои Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ дар давраи минбаъда, аз ҷумла таъмини мувофиқати пурраи сохтори миллии ҳифзи меҳнат, конвенсияҳои амалкунанда ва дигар меъёрҳои байналмилалӣ ҷиҳати риояи намояндагӣ ва мандати давлатии бозрасии меҳнат, аз ҷумла дар заминаи дахлдор; мувофиқаи роҳҳои фаъол намудани ҳамкории инфиродӣ ва муштараки аъзои Шӯрои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказӣ ва ҳамкории онҳо бо ташкилоти байналмилалӣ (ташкилоти байналмилалии дахлдор, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои минтақавии молиявӣ) бо мақсади тақвияти ҳамоҳангсозии сиёсӣ, дахли маҷмӯӣ ва муносибатҳои муҳим байни сиёсати иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, сиёсати экологӣ ва мусоидати минбаъдаи сиёсат дар бобати муҳимияти самаранокии тартиби бозрасии меҳнат муайян карда шуданд.
Пас аз фарҷоми конфронси минтақавӣ меҳмонон аз Маҷмааи таърихии шаҳри Ҳисор ва Неругоҳи барқи обии «Норак» дидан карда, таассуроти нек бардоштанд.
Акс: ФИКМТ










САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд






