Дар Хадамоти гумрук доир ба нақши Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар ҳифзи пояҳои давлатдорӣ ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муътадил гардонидани вазъи сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакат дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла, 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид. Чунин зикр шуд дар ҳамоише, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш роҳбарияти Хадамот, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва иштирокчиёни бевоситаи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- собиқ Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Худойқул Ҳамроқулов ва ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Рафиқа Мусоева иштирок намуда, доир ба аҳамияти Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд доир гардид, рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар роҳи ҳифз ва рушди пояҳои давлатдории миллӣ буд. Маҳз дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими иҷлосия дар радифи таъмини сулҳу субот ва амният- барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар кишвар буд.
Маҳз бо даъвати Иҷлосияи сарнавиштсоз дар мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳукумат таъсис дода шуд. Он дар муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис дода, муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад. Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ ба раванди барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва ҳифзи арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, инчунин таъмини ризоияти миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар анҷоми ҳамоиш Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода иштирокдорони иҷлосияи таърихии Шӯрои Олӣ- Рафиқа Мусоева ва Худойқул Ҳамроқуловро бо медали ҷашнии «30-солагии мақомоти гумрук» сарфароз гардонид.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон











«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






