Дар Остона нишасти VI МҲТБО ба кор оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Остона кори нишасти VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) оғоз гардид. Дар нишаст сарварони 11 давлат ширкат доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ».
Нишасти VI Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки таҳти раёсати Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор мешавад, ба 30-юмин солгарди ташаббуси даъвати МҲТБО бахшида шудааст.
Пойтахти Қазоқистон тайи ду рӯз меҳмонони олиқадрро пазироӣ менамояд. Сарони давлатҳо, ки ба чорабинии бузурги байналмилалӣ даъват шудаанд, вориди Остона гардиданд.
Дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сарони 11 давлат – президентони Озарбойҷон, Ироқ, Эрон, Қирғизистон, Фаластин, Тоҷикистон, Россия, Туркия, Узбекистон, амири Қатар, инчунин ноиби президенти Ветнам, ноиби раиси ҶМЧ ва панҷ вазир иштирок менамоянд. Президенти Беларус, ки нозири давлатии МҲТБО маҳсуб мешавад, низ вориди Остона гардид.
Ташаббуси МҲТБО аз ҷониби Қазоқистон соли 1992 дар иҷлосияи 47-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод шуда буд. Ҳадафи асосӣ ва самти фаъолияти он- таҳкими ҳамкорӣ тавассути таҳияи равишҳои бисёрҷониба барои таъмини сулҳу амният дар Осиё мебошад. Аз замони таъсис ҳайати МҲТБО бо 27 кишвари узв пурра гардида, 90% қитъаи Осиёро фаро гирифт.
Ёдовар мешавем, ки нишасти қаблӣ- V МҲТБО 15 июни соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда буд. Нишасти панҷум шумораи зиёди сарони давлатҳо ва ҳукуматҳоро дар сатҳи баланд ба ҳам овард. Дар нишаст сарони давлату ҳукуматҳои 27 кишвари минтақа ва дигар шахсони баландпоя, инчунин ноиби президент, вазирони корҳои хориҷӣ ва сафирон ширкат доштанд.
Қаблан дар бораи нақшаи табдил додани МҲТБО ба созмони комилҳуқуқи байналмилалӣ иттилоъ расида буд.
АКС: АБИ «Казинформ»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






