Дар шаҳри Бусан нишасти 15-уми Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея доир мешавад

Октябрь 13, 2022 08:18

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  12 октябр ҷиҳати омодагӣ ба нишасти 15-уми Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 25-26 октябри соли 2022 дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар шаҳри Бусани Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад, мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар шакли маҷозӣ доир шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишасти мазкур муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ширкат ва суханронӣ намуд.

Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориро дар асоси самтҳои рӯзномаи ҷаласаи форум – тандурустӣ, ҳамкории рақамӣ, сайёҳӣ, амнияти иқтисодӣ, муҳити зист ва энергетика, инчунин лоиҳаи Изҳороти муштарак ва кақшаи кори котиботи Форумро барои соли 2023 баррасӣ намуданд.

Бояд гуфт, ки 30 ноябри соли 2021 дар Душанбе ҷаласаи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Дар чаҳорчӯби Форуми 14-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея чор нишасти коршиносони мақомоти соҳавии кишварҳои Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея дар бахшҳои ҷангал, бетарафии карбонӣ, тандурустӣ ва технологияи рақамӣ барпо гардиданд.

Қабули нақшаи кори котиботи форум барои соли 2022 ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳо дар шаш самти дурнамои ҳамкорӣ дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат қадами муҳим ба пеш мебошад. Онҳо, аз ҷумла соҳаҳои нақлиёт ва логистика, энергетика, таҷдид ва диверсификатсияи саноат, тағйирёбии иқлим ва муҳити зист, тандурустӣ ва тиб, маориф, фарҳанг ва сайёҳиро фаро мегиранд.

Ли Чон Гук тибқи мувофиқаи ҷонибҳо ба ҳайси мудири котибот тасдиқ шуд.

Иштирокдорони Форум самарабахш баргузор шудани нишасти коршиносони мақомоти соҳавии кишварҳои узви Форум ва ҷаласаи омодасозии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро, ки қисмати мундариҷавии Форуми 14-умро мавриди баррасӣ қарор доданд, зикр карданд.

Ҷонибҳо дар робита ба кори Шӯрои тиҷоратии котиботи Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея, ки дар чорчӯби он 29 ноябри 2021 дар Душанбе бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон нахустин Бизнес–форум дар формати 5+1 баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар поёни ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Форум Изҳороти муштарак қабул шуд, ки дар он натиҷаи машваратҳои пурсамар дар доираи мулоқоти имрӯза зикр гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 раисии худро дар Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея ба охир расонд. Тибқи қарори ягонаи вазирони корҳои хориҷӣ, дар ҷаласаи 14-ум Ҷумҳурии Корея раисиро барои баргузор намудани Форуми 15-уми ҳамкорӣ ба зимма гирифт.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 13, 2022 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд