Дар шаҳри Левакант синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд

Октябрь 16, 2022 10:16

ДУШАНБЕ, 16.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастгирии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 6 ифтитоҳ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар маросими кушодашавии иншооти мазкур раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода ва намояндаи Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аики ширкат доштанд.

Қабл аз ифтитоҳи бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 6, воқеъ дар деҳаи Тоҷирони Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо гирандагони стипендияи президентӣ, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ ва варзишгарони шаҳр суҳбати самимӣ орост. Сипас дар саҳни ин таълимгоҳ бо иштироки Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики, роҳбарияти шаҳри Левакант ҷамъомад баргузор гашт.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки бо дастгирии ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаббуси Сафоратхонаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гаштани 8 синфхонаи иловагӣ ва як утоқи кории омӯзгоронро бо тарҳи муосир дар назди муассисаи таълимии рақами 6-и шаҳри Левакант идомаи ин тадбирҳои созандагист.Бо дастгирии ҳукумати кишвар ва ташаббуси Сафоратхонаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4 ноҳияи ҳудуди вилоят иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар ҷараёни ҷамъомад Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики гуфт, ки дар шаҳри Левакант бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷопон дар доираи татбиқи кумаки бебозгашти мардуми Ҷопон ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷопон ва Тоҷикистон ду иншоот, корхонаи бонувони болаёқат ва бинои синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва ба истифода супурда шуданд. ,

Таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳанд. Рушди босуботи илму маориф ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳамрадиф намудани низоми таҳсилот омӯзгоронро муваззаф менамояд, ки ҷиҳати самаранок гардонидани сифати таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ диҳанд.

АКС: Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Октябрь 16, 2022 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид