ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 130 нафар ҷавонони Спитамен ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
СУҒД, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 130 нафар наваскар ба Артиши миллӣ сафарбар гардида, барои иҷрои қарзи шаҳрвандии хеш камари ҳиммат бастаанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен.
Раиси ноҳия Темурҷон Нӯмонзода наваскаронро ба хидмати содиқонаву софдилона ҳидоят намуда, дар бораи нақши ҷавонон дар таъмини амнияти миллӣ гуфт, ки Артиши миллӣ мактаби шуҷоат ва ҷасорат буда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба арзишҳои милливу оиладорӣ тарбият мекунад.
Ойгул Сотиболдиева, модари наваскаре, ки бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст, дар бораи вазифаву масъулияти ҷавонон дар ҳифзи марзу буми Ватан сухан гуфт.
Дар фарҷом ба волидони аскароне, ки ҳоло дар қисмҳои ҳарбии шаҳри Исфара хизмат доранд, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо туҳфаҳо тақдим гардид.
Ҳамзамон ба як гурӯҳ ҷавонон, ки курсҳои ронандагиро хатм намуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.
АКС:Хадамоти матбуоти ноҳияи Спитамен










«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






