ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ноҳияи Муъминобод ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷалб гардиданд

Октябрь 3, 2022 11:41

МУЪМИНОБОД, 03.10.2022 АМИТ /«Ховар»/. 2 октябр дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон маросими Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид, ки дар он 40 нафар ҷавононе, ки ба ҳифзи Ватан ихтиёран сафарбар шудаанд, ҳамроҳ бо волидайну масъулини мақомоти марбута иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Раиси ноҳия Лутфия Шарифзода  ба ҷавонон ва падару модарони онҳо арзи сипос намуда, гуфт, ки «хизмат ба Ватан қарзи ҳар ҷавони тоҷик буда, ифодагари ватандӯстӣ, шарафмандӣ ва ҷавонмардист. Имрӯз шароити қисмҳои низомӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ  буда, аскарон  бо истифода аз машғулияти  қисмҳои ҳарбӣ баҳри ҳимояи Ватан омода мешаванд».

Наваскар Муборакшои Бозор зикр кард, ки «ман бо аризаи худ вориди комиссариати ҳарбӣ гардидам. Мехоҳам ватани худро ҳимоя намуда, баҳри осудагии мардуми сарзаминамон содиқона хизмат намоям. Ман аз ҳамсолони худ даъват менамоям, ки хизмати содиқона ба Ватанро аз ҳама кори дигар афзалтар шуморанд, зеро дӯст доштани ватан аз гӯшаи имон аст».

Падари даъватшаванда Рустам Ризоев  афзуд, ки «ман писарамро ба ҳимояи Модар-Ватан гусел намудам. Боварӣ дорам, ки ӯ баҳри ҳимояи Ватан содиқона хизмат менамояд».

Сокини дигари ноҳия Арафамо Алиева, модари наваскар зикр кард, ки «ду писарам  хизмати Модар-Ватанро ба сари баланд  адо намуда, ба хона баргаштанд. Боварӣ дорам, ки ин писарам низ содиқона ба ватан хизмат намуда, сари моро баланд мебардорад».

Бояд гуфт, ки дар ноҳия маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ идома  дошта,   рӯзҳои наздик  анҷом меёбад.

Шуъбаи фарҳанги ноҳия бо савту навои худ табъи ҳозиринро болида намуда, аз  ҷониби  Ҳизби Халқии Демократии  ноҳия ба наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Дар охири маросим  волидайн  бо дуои нек фарзандонашонро ба қисмҳои ҳарбӣ гусел намуданд.

АКС:АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид