ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони Ёвон ба хизмати аскарӣ раҳсипор шуданд

Октябрь 8, 2022 09:00

ЁВОН, 08.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон то имрӯз зиёда аз 82 нафар ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намудааст.

Комиcсари ин ноҳия Кайҳон Маҳмадшозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД гуфт, ки «бо дастгирии Вазорати мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон 120 нафар ҷавонон дар курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа таҳсил намуданд. Аз онҳо 60 нафар аллакай ба сафи Артиши миллӣ шомил гардида, 60 нафари дигар то охири муҳлати даъвати ҳарбӣ сафарбар мешаванд».

Мавсуф зикр намуд, ки «ҷавонони ноҳияи Ёвон дар натиҷаи тарбияи дурусти падару модарон дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хубӣ дарк намуда, баҳри ҳифзи номусу шарафи ватани аҷдодии хеш аз рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ бо омодагии ҷиддӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил гардида истодаанд. Наваскарони мо дар қисмҳои низомии мамлакат танҳо ба хотири ҳимояи марзу бум, бақои давлати миллӣ ва пойдории ваҳдату истиқлолияти давлатӣ ҳама чун фарзандони як модар хизмат мекунанд».

Дар ноҳияи Ёвон ба хотири тарбияи насли наврас ва намунаи ибрат гардидан дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ ҷавонони зиёде бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ довталабона ба сафи Артиши миллии мамлакат пайвастанд. Онҳо аз назди Комиссариати ҳарбии ноҳия то саҳни кохи фарҳанги ба номи Т. Хушвахтов роҳпаймоии идона намуданд.

Раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода ҷавонони далеру матинро, ки барои адои хизмати низомӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуданд, аҳсану офарин хонда, зикр намуд, ки «таҷлил намудани Рӯзи даъватшаванда- ин арҷ гузоштан ба марзу буми аҷдодӣ, Артиши миллӣ ва пурра намудану таҳким бахшидани сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвари маҳбубамон мебошад. Ҳимояи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯсту худогоҳ, хусусан ҷавонони ғаюр мебошад. Вақте мебинем, ки ҷавонони ноҳияи мо ба монанди падарони боору номуси худ бо ҷасорату далерӣ ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, умед ва бовариямон ба ояндаи орому осоиштаи Ватан қавитар мегардад. Воқеан, хизмати Ватан-Модар вазифаи муқаддаси ҳар сокини мамлакат, хусусан ҷавонони ғаюр мебошад».

Дар рӯзи якуми даъвати ҳарбӣ ҳунармандону санъаткорони Кохи фарҳанги ноҳия барномаи зебои театриро пешниҳоди аҳли ҳамоиш намуданд.

Сипас ба даъватшавандаҳо супоридани шаҳодатномаи ронандагӣ ва маросими «нонгазон» сурат гирифт.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Октябрь 8, 2022 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид