ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар вилояти Суғд ин маъракаи муҳими сиёсӣ то имрӯз 45 фоизро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба ҳолати 18 октябр дар вилояти Суғд 45 фоизро ташкил дод. Дар ин бора зимни машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар он ҷараёни таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар машварати корӣ Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар вилоят маъракаи даъвати ҷавонон идома дорад.
Вобаста ба ҷараёни таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2022 комиссари ҳарбии вилоят Давлатшо Мирзозода гузориш дод, ки даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти мамлакат ва қарори дахлдори Раиси вилоят ҷараён гирифта истодааст. Зикр шуд, ки хизмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар ҷавонмард буда, ҷавонон бо эҳсоси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба халқу Ватан барои хизмат омодагии худро изҳор дошта, ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ҳозир шуда истодаанд.
Раиси вилоят бо таҳлили вазъ аз комиссари ҳарбии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда супоришҳо дод.
Дар назди масъулин ҳамзамон барои вусъат бахшидани фаъолият дар самти таъмини иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо фаъолон, вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилони ҷамоатҳо ва раисони маҳаллаҳо ва дар маҷмӯъ сари вақт иҷро намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» вазифаҳо гузошта шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Кормандони ин ниҳод барои ҳифзи ҷони шаҳрвандон ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд






