ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Восеъ 108 нафар соҳиби касби ронандагӣ гардида, озими хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шуданд
ВОСЕЪ, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа 108 нафар бо шаҳодатномаи ронандагии дараҷаҳои «Б», «С» таъмин гардида, дар даъвати тирамоҳӣ озими хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шуданд.
Директори мактаби автомобилӣ, лейтенант Сафаралӣ Мирзоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА гуфт, ки «дар ноҳия аз 162 нафар даъватшаванда, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карда шуданд, аксари онҳо мактаби автомобилиро хатм намуда, соҳиби касби ронандагӣ гардиданд».
Тибқи нақшаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 нафар бо шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи С» ва 88 нафар бо шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи «Б» таъмин карда шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 38 нафар зиёд мебошад. Дар айни ҳол 20 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба онҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, қисмҳои автомобил ва тарзи рондани мошинро меомӯзонанд.
Мактаби автомобилии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа бо синфхонаҳои махсус, 2 нақлиёти сабукрав ва 2 нақлиёти боркаш таъмин аст. Касбомӯзон дар он дар муддати 3 моҳ ронандагӣ омӯхта, соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






