ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Шаҳри Бӯстон маъракаи сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбиро ба анҷом расонид

Октябрь 27, 2022 08:54

ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Бӯстони вилояти Суғд яке аз аввалинҳо шуда, даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Маҳз амалӣ гардонидани тадбирҳои судманд ва роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту суҳбатҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, баргузории Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳои ҳадафманд имкон доданд, ки шаҳри Бӯстон яке аз аввалинҳо шуда, маъракаи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро пурра анҷом дод.

Фаъолияти дастҷамъонаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати ҷалби ихтиёриёни ҷавон ба курси кӯтоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» низ ба иҷрои саривақтии маъракаи даъвати тирамоҳӣ мусоидат намуд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 2022 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 7 сентябри соли 2022 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2022» қарори Раиси шаҳри Бӯстон аз 15 сентябри соли 2022 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2022» ба тасвиб расиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар маъракаи даъвати баҳории соли равон низ ҷавонони шаҳри Бӯстон яке аз аввалинҳо шуда, сарбаландона ба хизмати Модар-Ватан роҳӣ гардиданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 27, 2022 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид