Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар танзими масоили Афғонистон китоби нави Муҳаммадӣ Сафолзода ба нашр расид

Октябрь 5, 2022 11:00

ДУШАНБЕ, 05.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш китоби ҳафтуми олим-шарқшиноси тоҷик, коршиноси равобити байналмилалӣ Муҳаммадӣ Сафолзода аз силсилаи «Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба танзим даровардани масъалаи Афғонистон (соли 2015)» нашр гардид.

Дар таълифоти нави Муҳаммадӣ Сафолзода нақши нодир ва боризи Пешвои миллат мабнӣ бар ташаббусҳои созандаи ӯ дар робита ба танзими қазияи Афғонистон, ки баъди беш аз 15 соли будубоши лашкари азими Эътилофи байналмилалии таъмини амният дар Афғонистон (ISAF) таҳти сарпарастии созмони НАТО бо иштироки бевоситаи ИМА дар ин кишвар бо натиҷаҳои деринтизор анҷом напазируфт, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст.

Омӯзиши илмии асноди соли 2015 нишон медиҳад, ки Пешвои миллат ҳаводиси Афғонистонро мунтазам пайгирӣ ва ҳамаҷониба таҳлил намуда, дар суханрониҳои худ ба таври доимӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли қазияи ин кишвар ҷалб менамояд.Дар таҳқиқот омадааст, ки “соли 2015 ба итмом мерасад, аммо ин аввалин соле нест, ки вазифаҳои расмии Эътилофи байналмилалӣ ба итмом расида бошанд, вале масъалаи аз ҳама муҳим — сулҳи сартосарӣ ва фарогир дар тамоми қаламрави Афғонистон боз ҳам амалӣ нагаштааст”.

Ба ҳамин хотир кишвари Тоҷикистон ба таври созанда ба тамоми ташаббусҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ки бо мақсади барқарории сулҳу субот ва бозсозии иқтисодиёти Афғонистон равона гардидаанд, ҳамроҳ мебошад. Нишони равшани он дар Паёми Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи январи соли 2015 инъикос ёфтааст, ки дар он Пешвои миллат чунин иброз доштаанд: «Имрӯз ҳамаи шумо огоҳед, ки соли сипаришуда ва якчанд соли пешин пур аз таҳаввулоту рӯйдодҳои ногаҳонӣ ва дигаргун шудани асосҳои қаблан хеле устувори низоми байналмилалӣ буданд.

Маҳз ҳамин ҳолат бевосита ба кишвари Афғонистон дахл дорад, зеро то ба имрӯз омилҳои бесуботкунандаи вазъият ва сарчашмаи давомдори таҳдиду хатарҳои оянда, дар мисоли терроризм, тундгароӣ, кишт, истеҳсол, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон дар он боқӣ мондаанд”.

Ин вазъ аз ҳамаи мо татбиқи сиёсати санҷидаву мутавозинро тақозо мекунад, то кишварҳои мо ба арсаи бесуботӣ табдил нагарданд.

Ба ҳамин асос таҳлили ҳамаҷонибаи илмии роҳ ва усулҳои гуногуни расидагӣ ба сулҳу субот дар Афғонистон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати беш аз 20 сол пешниҳод мегарданд, асоси нуқтаи назари стратегияшонро ташкил медиҳанд, ки ҷавҳари бунёдии онҳо аз мавзӯъҳои зерин иборат мебошад: ҷонибдории ҳаматарафаи Эътилофи байналмилалии таъмини амният дар Афғонистон (ISAF) ва ҳалли тақдири ин кишвар танҳо аз ҷониби мардуми афғон.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2022 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд