Донишгоҳи давлатии Данғара барои беҳтарин саҳмгузорон дар таъмини амнияти озуқаворӣ зиёда аз 50 грант ҷудо менамояд
ДУШАНБЕ, 18.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои ҳавасмандгардонии беҳтарин натиҷагирӣ дар истифодаи самараноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ барои омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни муваффақ зиёда аз 50 грант ҷудо менамояд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.
Ба ин муносибат 27 октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии Данғара баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил аз он аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва расонидани ёрии амалии донишҷӯён ба падару модар намоиши дастоварҳо дар ин самт баргузор мегардад.
Тибқи низоми муайянгардида, ҳар як корманд, омӯзгор ва донишҷӯи Донишгоҳ бо истифода аз варақаи махсус корҳои ба сомон расонидашуда дар самти истифодаи оқилонаи замин, аз ҷумла татбиқи технологиҳои навин ва гирифтани якчанд ҳосил аз онро муаррифӣ менамояд.
Дар намоиши мазкур омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва волидайни онҳо, сокинони ноҳия ва олимони донишгоҳ, ки дар якҷоягӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул шудаанд, метавонанд ширкат варзанд.
Бояд гуфт, ки қадами аввал аз ҷониби олими соҳаи кишоварзии Донишгоҳ, дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Даврон Музафарзода гузошта шуд. Китоби ў таҳти унвони «Агротехнологияҳои навини истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ дар шароити Тоҷикистон: дар мисоли вилояти Хатлон» таҳия ва чоп гардид, ки бо истифодаи мазмуну муҳтавои он тайи моҳҳои феврал ва марти соли 2022 тренингҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки донишҷӯён, кормандони ҷамоатҳои деҳот ва раисони хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ гузаронида шуд.
Баъди ҷамъбасти намоишгоҳи мазкур тафсилоти бештар пешниҳод мегардад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Данғара








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






