ФОРУМИ СОҲИБКОРИИ G5. Он дар самти тиҷорат дар Тоҷикистон имконоти нав пешниҳод менамояд
ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки беш аз 1000 нафар доираи васеи соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд 15 октябр дар «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе дар доираи таҷлили Рӯзи соҳибкорон Форуми соҳибкории G5 доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Форуми соҳибкории G5 бори шашум аст, ки бо ибтикори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон», ки дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, гузаронида шуда, имконияти навро дар самти соҳибкорӣ дар кишвар пешниҳод месозад.
Тавре Директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» Дилшод Ҷӯразода дар маросими ифтитоҳи Форуми соҳибкории G5 изҳор намуд, “баланд бардоштани неру ва ҳавасманд намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, тақвияти афкор ва васеъ намудани маълумотнокии иштирокчиён, рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таъмини муколамаи муфид байни соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ аз ҳадафҳои асосии Форуми соҳибкории G5 мебошад”.
Форуми соҳибкории G5 имкон дорад дар рушди малакаи соҳибкории ҷавонон, таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ, инчунин тақвияти муколама ва ҳамкории минбаъда миёни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ мусоидат намояд, гуфт Директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон».
Дилшод Ҷӯразода афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон барои дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва амалигардонии стартапҳо дар кишвар таъкид менамоянд. Зикр шуд, ки таъсиси грантҳои президентӣ, барномаҳои гуногуни дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда дар самти соҳибкорӣ ва ғайраҳо аз қабили чунин тадбирҳои муҳим мебошанд.


Ҳамзамон дар дигар қисмати Форум панелҳои мубоҳисавӣ бо иштироки соҳибкорону сармоягузорони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла мудири иҷроияи «Alliance Tech»-и Фаронса Адриан Хенни, коршиноси венчурӣ аз Гурҷистон Иракли Кашибадзе, идоракунандаи ширкати «Most Ventures» Олим Ҳамидов ва намояндаи ширкати «CEO My Park»-и Қазоқистон Шаҳбоз Раҳмонов, мудири «It Park»-и Узбекистон Фарҳод Иброҳимов ва директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» Дилшод Ҷӯразода доир ба имконияти наву муфид дар роҳи рушд, ҷалб ва дастрас намудани маълумоти муфид бо соҳибкорон табодули афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки Форуми соҳибкории G5 метавонад дар ҳавасманд гардонидани соҳибкорони навкор, пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ, муколамаи мақсадҳои тиҷоратӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни соҳибкорон мусоидат намояд. Дар доираи баргузории Форуми соҳибкории G5 инчунин намоиши молу маҳсулот бо иштироки ширкатҳои гуногуни истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бо мақсади муаррифии рушди соҳибкорӣ ташкил карда шуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»








Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд
Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми минтақавии Иттиҳоди байналмилалии алоқа барои давлатҳои аъзои ИДМ оғоз гардид
Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст






