ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Октябрь 18, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21-23 октябр бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат  баргузор  мегарданд. Рӯзи аввал дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, рӯзи дуюм «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва рӯзи сеюм «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  ва  КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  миёни ҳам  рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон. 

Чанд рӯз пеш бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб   доир  шуда буданд .Дар ин давр  бозиҳои  дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфта, дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.  Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, ки аввали ҳафта дар бозии мавқуфмондаи даври чорум бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе мусовӣ бозӣ кард, дар доираи бозиҳои даври 17 дар сафар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 1:3 шикаст дод. Бозингари дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд Санҷар Рисхибоев дар дақиқаи 23 ҳисобро кушод, ҳамдастаҳояш Рустам Сабуров дар дақиқаи 42 ва Ойбек Абдуғаффоров дар дақиқаи 72 ду голи дигар заданд. Ба се голи дастаи «Эсхата»  дастаи футболи  «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ тавассути голи Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 81 ҷавоб дод.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҷаҳонгир Эргашев ба фоидаи дастаи «Хуҷанд» дар охири нимаи аввали бозӣ гол зад, вале футболбози «Равшан» Ҷаҳонгир Қурбонбоев дар нимаи дуюм ду гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Гонсале Ритакко ва Владислав Касминин ба нишон расониданд.

Пас аз натиҷагирии 17 даври бозиҳо дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 35 хол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Ду дастаи вилояти Хатлон – «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 27-холӣ дар сегонаи аввал мавқеъ доранд.

                                                  АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 18, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад