ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21-23 октябр бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд. Рӯзи аввал дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, рӯзи дуюм «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва рӯзи сеюм «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе миёни ҳам рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб доир шуда буданд .Дар ин давр бозиҳои дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфта, дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, ки аввали ҳафта дар бозии мавқуфмондаи даври чорум бо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе мусовӣ бозӣ кард, дар доираи бозиҳои даври 17 дар сафар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро бо ҳисоби 1:3 шикаст дод. Бозингари дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд Санҷар Рисхибоев дар дақиқаи 23 ҳисобро кушод, ҳамдастаҳояш Рустам Сабуров дар дақиқаи 42 ва Ойбек Абдуғаффоров дар дақиқаи 72 ду голи дигар заданд. Ба се голи дастаи «Эсхата» дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ тавассути голи Доробҷон Эргашев дар дақиқаи 81 ҷавоб дод.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҷаҳонгир Эргашев ба фоидаи дастаи «Хуҷанд» дар охири нимаи аввали бозӣ гол зад, вале футболбози «Равшан» Ҷаҳонгир Қурбонбоев дар нимаи дуюм ду гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин намуд.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб вохӯрда, бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Гонсале Ритакко ва Владислав Касминин ба нишон расониданд.
Пас аз натиҷагирии 17 даври бозиҳо дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 35 хол дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Ду дастаи вилояти Хатлон – «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 27-холӣ дар сегонаи аввал мавқеъ доранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба гимнастика баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд






