ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2022 муайян шуд

Октябрь 27, 2022 09:48

ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои се даври қисми дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои Лигаи олиро, ки 31 октябр оғоз мешавад, нашр намуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар қисми дуюми Чемпионати Тоҷикистон дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Имтиёзҳои дар марҳилаҳои аввал бадастоварда боқӣ мемонанд. Панҷ  дастаи  беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як марҳила бо ҳам бозӣ карда, барои мавқеи панҷгонаи аввали ҷадвал  миёни ҳам мубориза мебаранд. Инҳо дастаҳои  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  ва  КМВА-и шаҳри Душанбе  мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки панҷ дастаи  боқимонда – «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод  ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода миёни ҳам  сабқатро дар гурӯҳи «В» идома дода, барои боқӣ мондан дар Лигаи олӣ  миёни ҳам рақобат мекунанд. Ду дастаи дар зинаҳои поёнӣ ҷойдошта ба Лигаи якум мераванд. Дар маҷмӯъ, ҳар як даста дар Чемпионати Тоҷикистон-2022  22  бозӣ анҷом медиҳад.

Ҳангоми тартиб додани тақвими даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон-2022 дастаҳо мувофиқи натиҷаи  худ дар ду даври Лигаи олӣ рақамҳои силсилавӣ мегиранд. Марҳилаи ҳалкунанда, яъне қисми дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2022 бо бозиҳои даври нуздаҳум, ки  31 октябр ва 1 ноябр доир мешаванд, оғоз мегардад.

Бозиҳои ду даври охирини мусобиқоти чемпионати  Тоҷикистон пас аз вохӯриҳои дӯстонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки даҳаи дуюми моҳи ноябр дар назар аст, баргузор мешаванд.

Чемпионати Тоҷикистон-2022

Лигаи олӣ

Даври 19. Гурӯҳи «А»

31 октябр (душанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Хатлон» – КМВА

«Равшан» (Кӯлоб) – «Хуҷанд»

Даври 19. Гурӯҳи «В»

1 ноябр (сешанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ»

«Эсхата» – «Равшан» (Зафаробод)

Даври 20. Гурӯҳи «А»

4 ноябр (ҷумъа)

Оғоз – соати 14:30

«Истиқлол» – «Хатлон»

5 ноябр (шанбе)

Оғоз – соати 14:30

КМВА – «Равшан» (Кӯлоб)

Даври 20. Гурӯҳи «В»

6 ноябр (якшанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Регар-ТадАЗ» – «Эсхата»

«Истаравшан» – «Файзканд»

Даври 21. Гурӯҳи «А»

9 ноябр (чоршанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – КМВА

Даври 21. Гурӯҳи «В»

10 ноябр (панҷшанбе)

Оғоз – соати 14:30

«Эсхата» – «Истаравшан»

11 ноябр (ҷумъа)

Оғоз – соати 14:30

«Равшан» (Зафаробод) – «Регар-ТадАЗ»                                                

                                                                        АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Октябрь 27, 2022 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд