Гебрейесус: ТУТ афзоиши сироятҳои COVID-19 аз эҳтимол дур нест

Октябрь 6, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Ташкилоти  умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус пешгӯӣ мекунад, ки шумораи гирифторони коронавирус зиёд мешавад, аммо афзоиши фавт ба амал намеояд, иттилоъ медиҳад  РИА «Новости».

Ба гуфтаи роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, афзоиши беморӣ мавсимист. Аммо эмкунӣ ва воситаҳои тиббии дастрас афзоиши фавтро пешгирӣ мекунанд.

«Мо интизорем, ки шумораи ҳолатҳои ба қайд гирифташудаи COVID-19 зиёд мешавад. Вале ҳодисаҳои фавт набоянд бошанд, зеро мо ваксинаҳо ва доруҳои табобатӣ дорем, ки метавонанд ҳаёти одамонро наҷот диҳанд»,  -гуфт ӯ дирӯз, 5 октябр дар нишасти матбуотӣ.

Гебрейесус зикр кард, ки дар айни замон штамми омикрон бартарӣ дорад. Тақрибан сесад зернамудҳои он низ маъмуланд.

«Мо аз ҳамаи давлатҳо даъват мекунем, ки назорат, озмоиши  пайдарпайӣ ва эмгузаронии гурӯҳҳои аз ҳама хатарнокро таъмин кунанд»,- гуфт табиб.

11 марти соли 2020 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард. Тибқи маълумоти охирини ТУТ, аз оғози пандемия беш аз 590 миллион нафар ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 6,44 миллион нафар фавтидаанд.

АКС:  Andy Wong/AP/TASS

Октябрь 6, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»