Гебрейесус: ТУТ афзоиши сироятҳои COVID-19 аз эҳтимол дур нест
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус пешгӯӣ мекунад, ки шумораи гирифторони коронавирус зиёд мешавад, аммо афзоиши фавт ба амал намеояд, иттилоъ медиҳад РИА «Новости».
Ба гуфтаи роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, афзоиши беморӣ мавсимист. Аммо эмкунӣ ва воситаҳои тиббии дастрас афзоиши фавтро пешгирӣ мекунанд.
«Мо интизорем, ки шумораи ҳолатҳои ба қайд гирифташудаи COVID-19 зиёд мешавад. Вале ҳодисаҳои фавт набоянд бошанд, зеро мо ваксинаҳо ва доруҳои табобатӣ дорем, ки метавонанд ҳаёти одамонро наҷот диҳанд», -гуфт ӯ дирӯз, 5 октябр дар нишасти матбуотӣ.
Гебрейесус зикр кард, ки дар айни замон штамми омикрон бартарӣ дорад. Тақрибан сесад зернамудҳои он низ маъмуланд.
«Мо аз ҳамаи давлатҳо даъват мекунем, ки назорат, озмоиши пайдарпайӣ ва эмгузаронии гурӯҳҳои аз ҳама хатарнокро таъмин кунанд»,- гуфт табиб.
11 марти соли 2020 Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи сирояти нави коронавируси COVID-19-ро пандемия эълон кард. Тибқи маълумоти охирини ТУТ, аз оғози пандемия беш аз 590 миллион нафар ба коронавирус мубтало шуда, беш аз 6,44 миллион нафар фавтидаанд.
АКС: Andy Wong/AP/TASS








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






