Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2022 муайян гардиданд

Октябрь 29, 2022 11:26

ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид. Шоҳҷоизаи озмун ба маблағи 50 000 cомониро се нафар иштирокчии фаъоли озмун- Фаридун Ғоибназаров дар номинаи навозандагӣ, Фотима Назаралиева дар номинаи сарояндагӣ ва Раҳматулло Лутфулоев  дар номинаи композиторӣ ба даст оварданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар». 

Инчунин иштирокчиёни фаъол аз рӯйи се номина- композиторӣ (оҳангсозӣ),  сарояндагӣ, навозандагӣ (дар ҳар номина се жанри вобаста ба синну сол) муайян гардида, ба ғолибони ҷойи якум- як нафар (35 ҳазор сомонӣ), ҷойи дуввум- ду нафар (25 ҳазор сомонӣ) ва ҷойи сеюм- ду нафар (15 ҳазор сомонӣ) туҳфаҳои пулӣ ва диплом тақдим шуданд.

Тибқи Низомномаи озмун, дар ин рӯз ба устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шудаанд, 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ  ва Ифтихорнома тақдим шуданд. Дигар иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом сарфароз гардиданд.

Дар маросими ҷоизасупории  Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, аъзои ҳакамон, иштирокдорону водидайни онҳо, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин аҳли илму адаби мамлакат иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён  иброз дошт, ки «баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон —  Ватани азизи ман» ба дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шудааст. Тайи чор сол аст, ки ин озмун бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад. Озмун аз ноҳия оғоз шуда, то ба сатҳи вилояту ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Имрӯз беҳтарин истеъдодҳо  муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд».

Ҳамчунин дар ин маросим аз ҷониби ғолибони озмун беҳтарин суруду  оҳангҳо иҷро гардиданд.

Имсол дар даври аввали озмун 3374 нафар довталабон иштирок намуда, аз ин теъдод 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз 1323 нафар довталаб, ки дар даври дуюм ширкат варзиданд, 316 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ бино ба сабабҳои шахсӣ 20 нафари онҳо иштирок  накарданд. 296 нафар дар даври сеюми озмун ширкат варзиданд, ки аз ин теъдод 78 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки 27 октябр дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маросими дипломсупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни Ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовини Вазири фарҳанги мамлакат, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, раиси ҳакамон дар номинаи «Сарояндагӣ» Миралӣ Достизода, Директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҳакамон дар номинаи «Навозандагӣ», дирижёри Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҳайати ҳакамон дар номинаи «Сарояндагӣ» ва омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ва дигарон баргузор гардид.

Ғолибони озмуни мазкур ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) тариқи суҳбат, ба таври ройгон, бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

Вазорати фарҳанги мамлакат  санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

Озмун тӯли чор сол аст, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад. Озмун ҳамчунин ба тарғиби санъати асил,  боз ҳам ғанитар гардонидани фазои  маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик  равона гардидааст.

Ҳар номина дорои талаботи махсуси касбӣ буда, зимни  иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг аз ҷониби аъзои ҳакамон ба инобат гирифта шуд.

Масъулони баргузории озмун Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буданд. Ҳамчунин  Вазорати маориф ва илм, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила ба баргузории озмун мусоидат намуда, дар тарғиб, ҷалби ҷавондухтарон ва ҷавонписарони соҳибистеъдод ба озмун чораҷӯӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 2 540 000 (ду миллиону панҷсаду чил ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2022 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Тариқи он 653 нафар ҷавонони Бадахшон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил доранд
Пагоҳ Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешаванд
ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд
Туҳфаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардиданд
Дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар Бадахшон 17 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шудааст
Иди Меҳргон ҳамроҳ бо Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал ва Иди себу ангур баргузор мегардад
Президенти Тоҷикистон вобаста ба таъмир ва сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар Бадахшон дастур доданд
Дар Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» оғоз мегардад
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба анҷом расид
Дар Бадахшон 72 иншооти соҳаи тандурустӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду навсозӣ мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ барои сари вақт пардохт намудани маошу нафақа ва ҳалли дигар масъалаҳои мубрами аҳолии ВМКБ маблағгузорӣ карда шудааст»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд