Хизматчиёни давлатӣ оид ба барномаи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давраи омӯзиширо хатм намуданд

Октябрь 24, 2022 10:45

ДУШАНБЕ, 24.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 75 нафар хизматчиёни давлатӣ — шунавандагони давраи омӯзишии такмили ихтисос соҳиби гувоҳнома гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

21 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии такмили ихтисос барои масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.

Дар ҷамъбасти он бо иштироки коршиносон ва мутахассисони соҳа бо мақсади табодули донишу таҷриба дар мавзӯи «Сиёсати давлатии муқовимат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуда, 75 нафар хизматчиёни давлатӣ -шунавандагони курси мазкур соҳиби Гувоҳномаи хатми давраи омӯзишии такмили ихтисос гардиданд.

Давраи омӯзишии мазкур дар асоси барномаи мукаммали таълимӣ мавзӯъҳои мутобиқ барои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, масъулони самти муқовимат бо коррупсия иборат аз мавзӯи «Муаррифии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз 21 декабри соли 2021», «Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши Пешвои миллат дар эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Тартиби таҳияи Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мутобиқшавии иҷтимоию психологии хизматчии давлатӣ», омӯзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», оид ба фаъолияти «Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Коррупсия падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ», «Механизмҳои муосири пешгирии коррупсия: таҳлили таҷрибаи кишварҳои муваффақ дар ин самт» ва ба ин монандро дар бар гирифт.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 24, 2022 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид