Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози давлатҳои ИДМ доир мегардад

Октябрь 7, 2022 12:54

ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 октябр дар Минск ҷаласаи XXIX Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти андози кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор мегардад. Мавзӯи асосии ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ- беҳтар кардани сифати хизматрасонии андозсупоранда, инчунин таҳияи хадамоти интерактивӣ  дар асоси фикру мулоҳизаҳои корбар  ва  таҳқиқоти истифодаи таҷриба дар давлатҳои иштирокчии  ИДМ мебошад. Дар  ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти  Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ доданд.

Яке аз самтҳои калидии фаъолияти мақомоти андози ИДМ- фароҳам овардани шароити мусоиди  низоми андоз дар шакли механизми чандир аст, ки метавонад ба таври оҷилӣ ба тағйироти дохилӣ  ва берунӣ вокуниш нишон диҳад, зуд ҷавоб ёбад ва ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои андозӣ равона гардад, инчунин  барои андозсупорандагон шароити мусоид фароҳам орад.

Аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ инчунин масъалаҳои татбиқи Протоколро дар бораи табодули иттилоот дар шакли электронӣ миёни давлатҳои ИДМ оид ба татбиқи маъмурикунонии андоз аз 2 ноябри соли 2018; оид ба таҷрибаи муайян кардани сатҳи қонеъ гардонидани андозсупорандагон; оид ба рушди табодули  ҳуҷҷатҳои электронӣ дар кишварҳои ИДМ ва дигар масъалаҳо баррасӣ менамоянд.

Чорабиниро Вазорати андоз ва пардохтҳои Ҷумҳурии Беларус ҳамоҳанг менамояд.

ДАР АКС:  Ҷаласаи XXV ШҲРМА кишварҳои аъзои ИДМ, ки моҳи августи соли 2018 дар Душанбе баргузор гардид. АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2022 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид