ИМРӮЗ -РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Ҳадафи он нишон додани рафтори дуруст ҳангоми рух додани ҳодисаҳои фавқулода аст
ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари офатҳои табиӣ – бориши барфу борони зиёд, фаромадани тарма, раъду барқ, баландшавии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва омадани сел дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хисороти калони моддӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, дар нуҳ моҳи соли равон дар қаламрави мамлакат 623 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ, ки 43 ҳолати он ба иқтисодиёти давлат зарар расонид, рух доданд. Чунин иттилоъ дод сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда ЮСУФӢ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, ки ҳамасола 13 октябр дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.
Мавсуф тазаккур дод, ки дар ин давра 448 ҳодисаи тармафароӣ, 71 ҳодисаи селфароӣ, 36 ҳодисаи сангрезӣ, 16 ҳодисаи бориши зиёди борон, 16 ҳодисаи заминҷунбӣ, 11 ҳодисаи шамоли сахт, 7 ҳодисаи ярчфароӣ, 13 ҳодисаи баландшавии сатҳи об, 3 ҳодисаи раъду барқ, 1 ҳодисаи хунукии сахт ва 1 ҳодисаи бориши барфи зиёд ба қайд гирифта шудааст.
«Дар ин давра бар асари фаромадани тарма, сел ва сангреза 8 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расид. Маблағи умумии зарари расида 17 млн 119 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад»,-гуфт Умеда Юсуфӣ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷиҳати рушди соҳаи мазкур ва беҳтар намудани фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар асоси қарори Ассамблеяи генералии СММ аз соли 1989 инҷониб ҳамасола 13 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ таҷлил мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ин рӯз таҷлил мегардад.
Ҳадаф аз баргузории ин рӯз- баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва рафтори дуруст ҳангоми рух додани онҳо мебошад.


Тибқи нақшаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шарикони рушд чорабиниҳо, ҳамоиш, вохӯриҳо, барномаҳои телевизионӣ, радиовикторинаҳо, тренингҳо ва ғайра доир карда мешаванд.
Чорабиниҳо бо вазорату идораҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳанӯз аз моҳи сентябр оғоз гардида буданд ва ҳоло идома доранд.
Офатҳои табиӣ хавфу хатари бузургтарин барои рушди кишвар ва минтақа маҳсуб шуда, аҳолӣ бояд барои вокуниши дуруст ва саривақтӣ ба онҳо омода бошад. Инчунин ҳар нафар бояд дар коҳиш додани хисороти ҷонӣ саҳм гузорад, зеро маълумотнокии саривақтӣ метавонад садди роҳи чунин қурбониҳо гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори кишвар дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар доираи Барномаи Сендай оид ба паст кардани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: КҲФ ва МГ








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






