ИМРӮЗ-РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Бахшида ба ин сана дар кинотеатри «Ватан» маҳфили фарҳангӣ доир гардид

Октябрь 16, 2022 11:20

ДУШАНБЕ, 16.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 16 октябр Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Имсол Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик бо иштироки собиқадорони соҳа, мутахассисон, киношиносону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсӣ дар кинотеатри «Ватан» маҳфили фарҳангӣ баргузор намуд.

Дар ҳамоиш нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо» манзури ҳаводорони кино гардид, ки он филми бадеии кӯтоҳ мебошад. Филм аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва бо коргардонии Умед Мирзоширинов рӯи навор омадааст. Филм дар Фестивали байналмилалии кинои Қазон ва Фестивали байналмилалии кинои  «Адабиёт ва кино»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» гардидааст.

Тавре аз «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли равон 2 филми ҳунарӣ, 4 филми мустанад ва 1 силсилафилми «Алифбо» (қисмҳои 25-35) пурра наворбардорӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки филмҳои тоҷикӣ, аз қабили «Бачаи обӣ», «Додараки фариштаҳо», «Охирин сайди сайёд» ва «Этюд» соли равон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳои намоён гардидаанд.

Яке аз филмҳое, ки мавриди истиқболи хуби тамошобинони чӣ дохилӣ ва чӣ берунӣ гардидааст, «Этюд» мебошад. Он бо коргардони Муъмин Латифӣ  дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шуда, давомнокияш 16 дақиқа аст. Филм дар жанри драмаи варзишӣ ба навор омадааст. Он дар бораи писаре нақл мекунад, ки дар оилаи навозанда таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падару модараш мехоҳанд, ки ӯ ба мусиқӣ машғул шавад, аммо писарбача ба футбол таваҷҷуҳ дорад.

Филми мазкур дар Фестивали 30-юми байналмилалии кушоди кишварҳои ИДМ ва Балтика «Киношок», Фестивали 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона ва дар Фестивали 45-уми байналмилалии Гризлони шаҳри Слеби Олмон ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби иштирокдорон баҳои баланд гирифт.

Бояд таззакур дод, ки кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар тӯли 93 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст.  Он ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузошта, имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад.

                                                               АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2022 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст