ИМРӮЗ-РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Бахшида ба ин сана дар кинотеатри «Ватан» маҳфили фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 16 октябр Рӯзи кинои тоҷик таҷлил мегардад. Имсол Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик бо иштироки собиқадорони соҳа, мутахассисон, киношиносону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсӣ дар кинотеатри «Ватан» маҳфили фарҳангӣ баргузор намуд.
Дар ҳамоиш нахустнамоиши филми ҳунарии кӯтоҳи «Додараки фариштаҳо» манзури ҳаводорони кино гардид, ки он филми бадеии кӯтоҳ мебошад. Филм аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва бо коргардонии Умед Мирзоширинов рӯи навор омадааст. Филм дар Фестивали байналмилалии кинои Қазон ва Фестивали байналмилалии кинои «Адабиёт ва кино»-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сазовори ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ» гардидааст.
Тавре аз «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, соли равон 2 филми ҳунарӣ, 4 филми мустанад ва 1 силсилафилми «Алифбо» (қисмҳои 25-35) пурра наворбардорӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки филмҳои тоҷикӣ, аз қабили «Бачаи обӣ», «Додараки фариштаҳо», «Охирин сайди сайёд» ва «Этюд» соли равон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳои намоён гардидаанд.
Яке аз филмҳое, ки мавриди истиқболи хуби тамошобинони чӣ дохилӣ ва чӣ берунӣ гардидааст, «Этюд» мебошад. Он бо коргардони Муъмин Латифӣ дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шуда, давомнокияш 16 дақиқа аст. Филм дар жанри драмаи варзишӣ ба навор омадааст. Он дар бораи писаре нақл мекунад, ки дар оилаи навозанда таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падару модараш мехоҳанд, ки ӯ ба мусиқӣ машғул шавад, аммо писарбача ба футбол таваҷҷуҳ дорад.
Филми мазкур дар Фестивали 30-юми байналмилалии кушоди кишварҳои ИДМ ва Балтика «Киношок», Фестивали 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона ва дар Фестивали 45-уми байналмилалии Гризлони шаҳри Слеби Олмон ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби иштирокдорон баҳои баланд гирифт.
Бояд таззакур дод, ки кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар тӯли 93 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст. Он ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузошта, имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд






