ИМРӮЗ- РӮЗИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ОПЕРАТИВӢ. 90% ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони сохтори фаврӣ ошкор карда мешаванд

Октябрь 5, 2022 10:22

ДУШАНБЕ, 05.10.2022/АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 5 октябр дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи таъсиси воҳидҳои оперативӣ таҷлил карда мешавад. Воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ яке аз бахшҳои калидӣ ва қадимтарини сохтори Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор мераванд, ки фаъолияти онҳо бевосита ба ошкор ва дастгиркунии ҷинояткорон равона гардидааст. Бахшида ба ин сана мухбири АМИТ «Ховар» оид ба дастовардҳо ва фаъолияти ин сохтор бо муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия  Аҳлиддин ҒАФУРЗОДА ҳамсуҳбат гардид.

Агар ба таърихи таъсиси Хадамоти оперативӣ назар намоем, дар ин рӯз ҷашн гирифтани он бесабаб нест. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, баъд аз таъсиси Комиссариати халқии корҳои дохилии Шӯравӣ (10 ноябри соли 1917) барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бахусус мубориза бар зидди ҷинояткорӣ 5 октябри соли 1918 Хадамоти кофтукови ҷиноятӣ созмон дода шуда буд. Дар он замон ҳайати шахсии шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати марказии маъмурии Комиссариати халқии корҳои дохилӣ ҳамагӣ аз се нафар: сардор, гумошта ва котиб иборат буд.

Аҳлиддин Ғафурзода гуфт, ки бо гузашти солҳо, бо андӯхтани таҷрибаи корӣ ва сайқал додани малакаи касбӣ ҳайати кормандони ин шуъба аз ҳисоби мутахассисони ҷавон пурқувват ва самаранокии фаъолияти оперативӣ низ хеле беҳтар гардида, самтҳои фаъолияти кофтукови ҷиноятӣ боз ҳам такмил ёфт. Кормандони он дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ фаъолтар ва дар ошкор намудани ҷиноятҳои содиргардидаю дастгир намудани ҷинояткорон соҳибтаҷриба шуданд.

«Бо ба даст овардани истиқлолият зина ба зина тамоми бахшҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон тараққӣ намуда, дар ин баробар Вазорати корҳои дохилӣ низ ба неруи қудратманду тавоно мубаддал гардид. Дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ Раёсату хадамот ва шуъбаҳои гуногун оид ба самтҳои муайяни фаъолият таъсис ёфта, ба таври шабонарӯзӣ ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкору пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ фаъолият ба роҳ монданд»,-зикр  намуд ӯ.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, яке аз бахшҳои калидӣ ва қадимтарини сохтори Вазорати корҳои дохилӣ- ин воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Бахши кофтукови ҷиноятӣ низ дар замони соҳибистиқлолии кишвар тадриҷан инкишоф ёфта, имрӯз Раёсат ва шуъбаҳои кофтукови ҷиноятии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти оперативӣ-хизматиро дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ мондаанд.

«Нооромӣ ва муноқишаҳои дохилии кишвар дар солҳои 90-уми асри гузашта собит сохт, ки воҳидҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ, махсусан шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни муборизаҳои сиёсӣ дар сафи пеши даргириҳо қарор дошта, ба хотири ҷилавгирӣ аз бетартибиҳои оммавӣ, муборизаи оштинопазир бурдан бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, ки даст ба қатлу куштор, гаравгонгирӣ ва ғоратгариву роҳзанӣ мезаданд, ҳаёти худро дар хатар гузошта буданд. Бисёр кормандони кофтукови ҷиноятӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ барои ҳимояи сохти конститутсионии кишвар ҷони худро қурбон намудаанд»,-изҳор медорад А.Ғафурзода.

Ҳамасола самтҳои гуногуни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ густариш ёфта, бо қабули фармону дастурамалҳои дохилиидоравӣ дар ҳоли такмил ва рушд қарор дорад.

А.Ғафурзода тазаккур дод, ки таҷрибаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равшан нишон дод, ки ҳифзи шахсият, ҷамъият ва амнияти миллии давлат аз ҷинояткориҳои муташаккилона бе татбиқи фаъолонаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва бе истифодаи натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мурофиаи ҷиноятӣ таъмин карда намешавад. «Таҳлилҳои мутахассисони соҳа ва омӯзиши раванди ошкорсозӣ ва дастгиркунии афроди ҷиноятпеша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки қариб 90% ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони сохторҳои оперативӣ, яъне бахши кофтукови ҷиноятӣ ошкор карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, нақши кормандони оперативии мақомоти милитсия дар нигоҳ доштани суботу оромӣ ва сулҳу осоиштагии шаҳрвандон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад»,-иброз медорад ӯ.

Бо тараққиёти илму техника ва пешрафти замон шаклу усул ва пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ тараққӣ ёфта, тадриҷан ба замони муосир мутобиқ гардид. Кормандони оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи ваколатҳои қонунии худ метавонанд бо истифода аз барномаҳои махсус ва технологияҳои коммуникатсионӣ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба роҳ монда, дар бораи нафарони шубҳаовар, афроди ҷиноятпешаю гурӯҳҳои харобкор ва вазъияти оперативию ҷиноятӣ маъмулоти боэътимоду дақиқ ба даст оварда, волоияти қонун ва ҳифзи боэътимоди амнияту тартиботро таъмин намоянд.

«Қаблан дастрас намудани маълумоти дорои аҳамияти оперативӣ душвор ва начандон эътимоднок буд. Ҳоло технологияи муосир шароит фароҳам овардааст, ки маълумоти оперативии санҷидашуда ва боэътимод ба даст оварда шуда, ҷиҳати пешгирии ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятию ба ҷомеа хавфнок коркард ва мавриди истифодаи оперативӣ қарор дода шаванд.

Тараққиёти босуръати илму техника ва донишҳои муосир ва тағйир ёфтани тарзу усулҳои ҷинояткорӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақозо менамоянд, ки донишҳои муосири худро такмил дода, ҳамқадами замон бошанд».

Бо назардошти омилҳои зикршуда Аҳлиддин Ғафурзода чунин мешуморад, ки ҳар корманди оперативиро мебояд ҳамқадами замон ва пайваста пайи такмилу густариши илму донишҳои худ бошад. Зеро бо чунин суръати тараққиёти ҷомеа ва электроникунонии тамоми намудҳои фаъолият ояндаи наздик содиршавии ҷиноятҳои маъмулӣ ниҳоят коҳиш ёфта, аксарияти ҷинояткорӣ бо истифода аз технологияи муосир содир мегарданд. Танҳо мутахассисони сатҳи баланд ва донандагони технологияи муосир метавонанд бар зидди ин гуна ҷиноятҳо мубориза бурда, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳимоя намоянд.

Умед аст, ки кормандони оперативӣ, ки дар ҳама давраҳои таърихи гузашта вазифаи пуршараф ва пурмасъули худро иҷро намудаанд, минбаъд низ бо сарбаландӣ аз уҳдаи иҷрои уҳдадориҳои хизматии худ мебароянд ва бар зидди ҳама гуна амалу кирдорҳои зиддиқонунӣ муборизаи беамон мебаранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Октябрь 5, 2022 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст