Имрўз дар Тошканд Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо оғоз мешавад

Октябрь 6, 2022 08:15

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз, 6 октябр  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба  гӯштини дзюдо миёни калонсолон  оғоз шуда, то 13 октябр идома меёбад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар додааст.

Ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон 563 варзишгар (305 мард, 258 зан) аз 85 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 9 паҳлавони шинохта  намояндагӣ хоҳанд кард: Эмомалӣ Нуралӣ  дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода  ҳамроҳ  бо Муҳаммадраҳим Сарахонов  дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев  бо  Сомон Маҳмадбеков, ҳарду дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ҳамроҳ бо  Комроншоҳ Устопириён  дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир дар  вазни  то 100кг  ва ниҳоят паҳлавони маъруфи  тоҷик Темур Раҳимов  дар вазни  +100кг.

Мусобиқа дар 7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон, инчунин рақобати даставии омехта сурат мегирад. Тибқи низомнома, рақобатҳо ҳар рӯз дар як вазн миёни мардҳо ва як вазн миёни бонувон доир мегардад. Рақобати даставии омехта дар рӯзи охир ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони чемпионат дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ барои ҷои аввал 26000 евро, барои ҷои дуюм 15000 евро ва барои ҷои сеюм 8000 евро пешбинӣ шудааст. Дар рақобати даставии омехта ба ғолиб 90000 евро, ба барандаи ҷои дуюм 60000 евро ва ба барандагони ҷои сеюм 25000-евроӣ тақдим хоҳад шуд.

 

                                                     АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Октябрь 6, 2022 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид