ИЗҲОРОТИ Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд
ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор медорад, ки новобаста аз тавофуқоти ҳосилшудаи дуҷониба дар хусуси роҳ надодан ба муноқишаҳои навбатӣ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон бо муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи худ ба барангехтани кинаву адовати миллӣ мусоидат карда, ба муносиботи байниҳамдигарӣ ва байналмилалӣ зиён мерасонанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд.
19-уми октябри соли ҷорӣ Вазири мудофиаи ҶҚ Бакитбек Бекболотов зимни нишасти матбуотӣ баён дошт, ки: «Байни Қирғизистону Тоҷикистон сулҳ нахоҳад шуд». Ин изҳороти иғвоангезона пурра муқобили ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ тариқи роҳҳои дипломатӣ мебошад. Б.Бекболотов ишора кард, ки мушкилоти муайянкунӣ ва аломатгузории марзӣ то лаҳзае, ки силоҳҳои вазнин аз хатти сарҳади давлатӣ берун бурда нашаванд, боқӣ мемонанд. Вале ҳамзамон бо ин, хабар дод, ки аз тарафи Қирғизистон маҷмуи мушакандози зенитии С-125 «Печора-2БМ» харидорӣ гардидааст ва дар ҳудуди вилояти Бодкан ҷойгир карда мешавад. Амалкарди вазир ошкоро бар хилофи мавқеъгирии роҳбарияти Қирғизистон дар хусуси аз тариқи гуфтушунид ва бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи ду халқи ҳамсоя ҳал кардани масъалаҳои баҳсӣ, равона шудааст.
Ҳадафи асосии изҳороти мазкур тезутунд сохтани ваъият дар хатти сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон мебошад. Гузашта аз ин, мавқеи узви Ҳукумати ҶҚ бо протоколҳои имзошудаи дуҷониба таҳти №39, №41, ва №42, ки тибқи онҳо масъалаҳои муайнкунии сарҳад бояд дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворию якдигарфаҳмӣ ҳалли худро ёбанд, мухолифат мекунад. Ҷойгиркунии воситаҳои иловагии зиддиҳавоӣ дар вилояти Бодкан рӯирост вайрон кардани банди «е»-и Протоколи №42 аз 25-уми сентябри соли 2022 мебошад.
Маркази матбуоти Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд изҳор медорад, ки муроҷиатҳои моҷароҷӯёнаи ходимони сиёсӣ ва низомии Ҷумҳурии Қирғизистон муқобили уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи тарафҳо буда, ба мураккабшавии вазъият дар сарҳад ва пайдо шудани ҳисси нобоварӣ нисбат ба якдигар боис мегарданд.
Аз ин хотир, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд даъват мекунад, ки ба паҳн сохтани чунин суханронӣ ва муроҷиатҳои мансабдорон, ки метавонанд мураккабшавии вазъият, душманию бадбиниро байни ду халқ ба вуҷуд оранд, роҳ дода нашавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






