Аксел ван Тротсенбург: «Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимод омода аст Тоҷикистонро дар рушди иқтисодӣ хамаҷониба дастгирӣ намояд»

Октябрь 6, 2022 19:40

ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 октябр дар Қасри миллат Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург ва Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пас аз мулоқот бо иштироки Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург барои намояндагони ВАО брифинг доир гардид.

«Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимод омода аст Тоҷикистонро дар рушди иқтисодӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Соли оянда мо 30-солагии шарикӣ ва муносибатҳои қавии Тоҷикистонро бо Бонки ҷаҳонӣ ҷашн мегирем»,- гуфт дар оғоз Аксел ван Тротсенбург.

Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ зикр кард, ки ҳамкории ин муаасиса бо Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусун дар ду соли охир, аз ҷумла, дар давраи пандемияи COVID-19, ба сатҳи сифатан нав баромад. «Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кумакҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар дигар бахшҳо низ бархурдор гардид. Соли гузашта маблағҳое, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод гардиданд, 340 миллион доллари грантиро ташкил доданд, ки ин дар таърихи ҳамкориҳои мо нишондиҳандаи баландтарин аст», — изҳор намуд ӯ.

Аксел ван Тротсенбург таъкид намуд, ки Тоҷикистон имкониятҳои назарраси истеҳсолу содироти энергияи барқро доро мебошад. «Бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии Тоҷикистон дар ин самт тасдиқ намудам»,- гуфт ӯ.

Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург зикр намуд, ки дар рафти мулоқот инчунин паёмадҳои пандемияи COVID-19, таъсири он ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар муҳокима гардид.

«Ҷонибҳо изҳори изҳори умед карданд, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад», — гуфт дар хотима Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 6, 2022 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст