КУШТОРИ ОММАВИИ ВАҲШИЁНА ДАР ШЕРОЗ. Президенти Тоҷикистон ба Президенти Эрон изҳори таслият намуданд

Октябрь 28, 2022 13:48

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Воситаҳои ахбори оммаи  давлатии Эрон гузориш доданд, ки 26 октябр дар натиҷаи тирпаронӣ дар ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози Эрон қариб 15 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Миёни кушташудагон- дастикам як зан ва ду кӯдак низ ҳастанд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Эрон ИРНА.

Агентии иттилоотии ИРНА ҳамчунин гузориш додааст, ки ҳамлагарон се нафар будаанд. Аммо муовини раиси вилояти Форс Исмоил Муҳибпур тавассути телевизион гуфт, як нафар тир паронидааст, ки дар натиҷа захмӣ ва боздошт шудааст. Ба гуфтаи ин мансабдор, ӯ аз автомати Калашников истифода кардааст. ИРНА бо истинод ба шоҳидони айнӣ тасдиқ кардааст, ки ҳамлагарон дар мошин будаанд ва бевосита дар даромадгоҳ ба сӯи зоирон ва ходимони ҳарам оташ кушодаанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифт. Ҳарчанд ҳукуматдорони Эрон аз душманони ашаддии ДОИШ ҳастанд, аммо ҳамлаҳои ҷиҳодӣ дар қаламрави ин кишвар нисбатан кам ба амал меоянд.

Бори охир чунин ҳодиса соли 2018 рух дода буд, замоне ки дар як гузашти низомӣ дар шаҳри Аҳвоз тақрибан 30 нафар кушта шуданд. Қабл аз ин ҷиҳодиён масъулияти ҳамла ба оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ва парлумони Эронро дар соли 2017 бар уҳда гирифта буданд.

Мақбараи Шоҳчароғ яке аз маконҳои пурҷозибаи Шероз ва зиёратгоҳи муқаддаси динӣ ба ҳисоб меравад. Дар он оромгоҳи Аҳмад ва Муҳаммад- бародарони Имом Ризо, яке аз 12 имоме, ки шиаҳо онҳоро ворисони паёмбари ислом Муҳаммад (с) медонанд, ҷойгир аст. Бародарон писарони имом Мусо ал-Козим будаанд.

Ҳамла ба ин мақбараро метавон куштори оммавии ваҳшиёна номид. Дар зери мафҳуми «куштори оммавӣ» илми муосири криминалистӣ куштори 4 ва ё зиёда одамонро дар як ҳодисаи ҷиноятӣ дар назар дорад, ки зимнан аз ҷиҳати ҳудудӣ ҳамаи қурбониён дар як ҷо гурӯҳбандӣ карда мешаванд. Низоми додгоҳии Эрон ин ҳодисаро «террористӣ» эътироф кардааст.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Дар иртибот ба ҳамлаи золимона ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар Шероз, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани мардуми осоишта гардид, ба Шумо ва аҳли наздикону пайвандони фавтидагон таслият ва ҳамдардии амиқи худро иброз намуда, сабри ҷамил мехоҳам.

Мо ин амали террористиро қотеъона маҳкум намуда, зарурати тақвияти пайвастаи муборизаи муштараки беамонро бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид менамоем.

Аз даргоҳи Худованд барои ҷонбохтагон раҳмату мағфират ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

Ёдовар мешавем, ки як рӯз қабл аз ин ҳодисаи террористӣ, 25 октябр Президенти ҶИЭ Иброҳим Раисӣ дар Теҳрон бо иштирокдорони ҷаласаи 18-уми Маҷмаи Умумии Созмони агентиҳои иттилоотии Осиё ва Уқёнуси Ором (OANA) мулоқот намуд, ки дар он ҳайати Агентии миллии иттилоотии  Тоҷикистон «Ховар» низ ширкат намуд.

Иброҳим Раисӣ зимни суханронӣ дар ин мулоқот дар бораи талошҳои Эрон барои тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ ҳарф зада,  нақши расонаҳоро, ки ҷаҳони муосирро бидуни онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст, зикр намуд. «Мутаассифона, имрӯз террористону ифротгароён ВАО-ро ҳамчун воситаи ташаккули афкори ҷамъиятӣ барои мақсадҳои сиёҳу нопоки худ истифода мебаранд. Дар чунин шароит, ба гуфтаи Президенти Эрон, расонаҳо бояд манфиатҳои кишвари худро дифоъ кунанд, истиқлолияти давлати худ, ҳувият ва фарҳанги мардуми худро ҳифз намоянд ва барои ба ҳам наздик шудани мардум, густариши равобити дӯстона миёни кишварҳо кумак равонанд». Вай зарурати мубориза бо маълумоти бардурӯғ ва хабарҳои қалбакиро таъкид намуд.

Аслан, Роҳбари Эрон суханонеро, ки чанд рӯз қабл, аниқтараш 18 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” гуфта буданд, таъйид намуд.

Пешвои миллат Эмомали Раҳмон иброз намуданд, ки тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, фаъолияти созмону гурӯҳҳои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллӣ касб менамояд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, бемории сироятии COVID-19 дар зарфи зиёда аз ду соли охир ва пайомадҳои он ҷараёни муқовимат бо ин таҳдидҳоро боз ҳам мушкил гардонида, раванди татбиқи Рӯзномаи 2030 ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори онро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон халалдор сохт.

«Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъи баамаломада суиистифода намуда, фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба он, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш медиҳанд»,- изҳор намуданд Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Сарвари давлат, бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконоти ибрози матлаб фароҳам меоранд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин зикр карданд, ки имрӯз созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз зарфияти технологияи иттилоотии пешрафта фаровон истифода мебаранд.

Тибқи таҳлилу пешбиниҳо, чунин вазъият дар минтақа ва кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома ёфта, ҳузур ва фаъолияти «ДОИШ» ва «Ал-Қоида» густариш меёбад.

«Бинобар ин зарурати таҳияи равишҳои нави инноватсионии муборизаи муштарак бар зидди терроризм, паҳншавии идеологияи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои муосир ба миён омадааст»,-хулоса намуданд Сарвари  давлат.

АКС: агентии «Форс»

Октябрь 28, 2022 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид
Дар Ереван ҷаласаи 34-уми прокуророни генералии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Хуҷанд машварати дуюми дуҷонибаи котиботи Шурои амнияти Тоҷикистон ва Узбекистон доир гардид
Дар Ереван прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Арманистон тақвияти ҳамкориро баррасӣ намуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе вобаста ба самти нотариат конфронси байналмилалӣ доир шуд
Ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ бо амри дил азми хизмат ба Ватани соҳибистиқлол намуданд
Дар Хатлон марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2024» оғоз шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. 2200 нафар ҷавонони ватандӯсти вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ноҳияи Файзобод бо ҷавонони ватандӯсти худ ифтихор дорад
ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН МАРДОНАГИСТ! Беш аз 300 ҷавон аз шаҳри Турсунзода ба сафи Артиши миллӣ шомил гаштанд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ! Ҷавонони далери ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ барои иҷрои рисолати ҷавонмардӣ ба ҳифзи Ватан гусел карда шуданд