Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Тоҷикистон соҳиби таҷҳизоти навтарин гардид

Октябрь 25, 2022 11:15

ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сили Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 октябр даҳ адад таҷҳизоти навтарин доир ба ташхиси бемории сил иборат аз дастгоҳҳои рентгенӣ тақдим гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Таҷҳизоти мазкур имкон медиҳад, ки дар шароити кӯҳсор низ ташхиси бемории сил дар муддати кӯтоҳ ва дурусту дақиқ ба роҳ монда шавад.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни маросими тақдими ин таҷҳизот иброз намуд, ки давоми солҳои охир сатҳи гирифтории шаҳрвандон ба бемории сил дар кишвар бамаротиб коҳиш ёфтааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Октябрь 25, 2022 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид