Масъулини КИ ҲҲДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба сокинони маҳаллаи Гулпарвар 1 «Маромномаи сокини пойтахт»-ро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 бо сокинони маҳаллаи Гулпарвар 1 вохӯрӣ баргузор гардид. Иштирокдорон вобаста ба риояи талаботи «Маромномаи сокини пойтахт», баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва риояи қонунҳои миллӣ ибрози андеша намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода хабар дод.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, раиси Комиссияи таҳлилӣ ва кор бо ВАО-и назди Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ Далер Абдулло, сартабиби МД Маркази саломатии шаҳрии №1 Дилшода Юсупова, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Меҳриддин Исмонзода, намояндаи САҲШ-и ноҳияи Фирдавсӣ Умеда Абдураҳмонзода иштирок доштанд.
Абдураҳим Шоҳиён оид ба нақши аҳзоби сиёсии ҷумҳурӣ дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мусоидат дар ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.
«Рисолати аслии ин ниҳоди сиёсӣ аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, саҳм гузоштан дар рушду пешрафти ватани азизамон тавассути аъзо, ҷонибдорон ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ иборат аст. Вобаста ба ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияти худро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд»,-афзуд Абдураҳим Шоҳиён.
Ҳамзамон ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои ин ниҳоди сиёсӣ дар Шӯрои маҳаллаи Гулпарвар-1 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуд.
Дар кори маҷлиси муассисон роҳбарияти ташкилоти ҳизбии «Гулпарвар-1» интихоб гардида, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд. Тибқи нақша, чунин вохӯриҳо дар дигар маҳаллаҳо низ идома дошта, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ дар 25 маҳаллаи воридшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, риояи талаботи «Маромномаи сокини пойтахт», тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.
АКС: КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






