Моҳи октябри соли 2022 WhatsApp ба таври доимӣ дар қатори смартфонҳои кӯҳна хомӯш карда мешавад
ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибони iPhone дар пойгоҳи низоми амалиётии iOS 10 ва 11 аз 24 октябри соли 2022 наметавонанд аз паёмнависи WhatsApp истифода баранд. Дар ин бора портали Hi-Tech Mail.Ru хабар медиҳад.
Истифодабарандагони смартфонҳои дорои намунаи кӯҳнаи низоми амалиётӣ бояд дастгоҳи худро то санаи зикршуда навсозӣ намоянд, дар акси ҳол онҳо имкони ирсоли паём ва занг задан тавассути мессенҷери машҳурро аз даст хоҳанд дод. Барои ин зарур аст онҳо ба танзимоти iPhone ворид шуда, баъдан бахши «Асосӣ» ва пас аз он «Азнавбарқарорсозии нармафзор» -ро интихоб намоянд. Зарур аст, ки ҳадди ақалл намунаи дувоздаҳуми низоми амалиётро барои идомаи кор истифода баранд.
Илова бар ин, WhatsApp барои смартфонҳои iPhone 5 ва iPhone 5C барои ҳамешагӣ дастнорас хоҳад буд, зеро ин смартфонҳо дигар навсозиҳои муҳими iOS-ро қабул намекунанд, бинобар ин онҳоро наметавон аз нав фаъол кард. Агар истифодабаранда хоҳиши бо ин нармафзор кор кардан дошта бошад, пас ӯро мебояд таҷҳизоти нави замонавӣ дастрас намояд.
Қаблан «Газета.Ru» хабар дода буд, ки Марк Сукербергро барои намунаи нав, лек кӯҳнашудаи WhatsApp масхара намуда буданд. Гап дар бораи манбаъҳо барои зангҳои видеоӣ, ба монанди хидматрасониҳои Zoom ё Google Meet меравад.
АКС: Pexels








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






