«МУАЛЛИМӢ- МУҚАДДАСТАРИН ПЕШАИ РӮЙИ ОЛАМ». Дар вилояти Хатлон Рӯзи омӯзгор таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон 50 муассисаи таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, беш аз 1365 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1000 адад муассисаи томактабию марказҳои инкишофи кӯдак фаъолият намуда, беш аз 50 ҳазор нафар олимон, омӯзгорон, мураббиён ва устоҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ба насли наврас илму дониш меомӯзонанд. Ин матлаб 30 сентябр зимни баргузории ҳамоиш ба ифтихори Рӯзи омӯзгор дар шаҳри Бохтар баён гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиш муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, директорони зерсохтори раёсати маориф, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ иброз намуд, ки имсол Рӯзи омӯзгор дар рӯҳияи баланди инсондӯстӣ, ватандорӣ ва бо ифтихор аз амалҳои созандагӣ дар татбиқи сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашнҳои фархундаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳими таърихӣ таҷлил мегардад.
Мавсуф зикр намуд, ки ҳар гоҳе номи омӯзгор, муаллим ва ё устодро ба забон меорем, пеши назари мо нафари меҳрубон, хоксор, илмдӯсту маърифатпеша, шахсе, ки аз волидонамон зиёд барои мо дилсӯз аст, намоён мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши омӯзгорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд: «Омӯзгорӣ муқаддастарин пешаи рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст».
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода вобаста ба нақши омӯзгорон дар пешрафти мамлакат ва ҷомеа, дастоварду пешравиҳои соҳа ва натиҷаҳои баланди меҳнатии кормандони соҳаи маориф изҳори назар намуда, зикр дошт, ки имсол дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмиллалӣ шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон натиҷаҳои бештару беҳтар доштанд, ки ин ҳама натиҷаи меҳнати софдилонаву самимонаи омӯзгорон мебошад.
Сипас ба як зумра омӯзгорон Ифтихорнома ва Сипосномаи Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи муштараки Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи вилоят ва Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон тақдим гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»
Пешвои миллат дастур доданд, ки сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав беҳтар карда шавад
Президенти Тоҷикистон: «Зарур аст дар байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет баланд бардошта шавад»
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон суханронии Президенти Тоҷикистонро дастҷамъона тамошо намуданд
Пешвои миллат: «Ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст»
МАКТАБУ МАОРИФ — ВАСИЛАИ ҲИФЗУ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ОРОМӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш
Эмомалӣ Раҳмон: «29 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе






