Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

Октябрь 21, 2022 08:50

ДУШАНБЕ, 21.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян омадааст:

«Муҳтарам Никол Воваевич,

Ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон бо изҳори қаноатмандӣ ба Шумо табрикоти ин ҷонибро ирсол менамоям.

Мо аз ҷараёни инкишофи муносибатҳои дӯстӣ миёни кишварҳоямон тайи ин солҳо чӣ дар асоси дуҷониба ва чӣ дар сатҳи бисёрҷониба қаноатмандем.

Алоқаманди густариши рӯзафзун ва тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ бо Арманистон, ки бо он моро риштаҳои таърихии дӯстӣ ва ҳамкорӣ мепайванданд, ҳастем.

Бовар дорам, ки бо саъю талошҳои муштарак муносибатҳои созандаи мо ба нафъи мардумонамон боз ҳам таҳкими бештар хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Никол Воваевич, саломатӣ ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои назаррас, ба мардуми дӯсти Арманистон  сулҳу субот ва шукуфоӣ хоҳонам».

Дар барқияи табрикии Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон муҳтарам Никол Пашинян ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимии маро ба муносибати санаи муҳим – 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Арманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Тайии се даҳсолаи гузашта муносибатҳои байни кишварҳои мо дар асоси устувори анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳамдигарфаҳмии мардумонамон рушд ёфтаанд.

Итминон дорам, ки муносибатҳои кишварҳои мо иқтидори назаррас доранд ва истифодаи комили он имкон медиҳад, ки ҳамкории байнидавлатии Арманистон ва Тоҷикистон ба сатҳи сифатан нав бардошта шаванд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саломатии бардавом, саодатмандӣ, муваффақият ва беҳтарин хушиҳо, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».

Октябрь 21, 2022 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии «Маркази дастгирии оила ва кӯдак»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 6 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон ифтитоҳ намуданд