Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба кори боғпарварони хоҷагии деҳқонии «Хайриддин»-и ноҳияи Файзобод баҳои баланд доданд

Октябрь 10, 2022 12:08

ФАЙЗОБОД, 10.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки ҷаҳонӣ Аксел ван Тротсенбург, Ноиби президенти ҳамин бонк хонум Анна Бйерде, муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, Вазири молияи ҷумҳурӣ Фазлиддин Қаҳҳорзода ва намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ аз ноҳияи Файзобод дидан намуданд.

Мақсади ташрифи меҳмонон ба ноҳия- таҳкими ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Дар доираи сафари корӣ меҳмонон аз иншооте, ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон бунёд шудаанд, дидан намуданд. Ҳамзамон аз маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва тавлидоти корхонаву коргоҳҳои ҳудуди ноҳия, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан карданд.

Зимни сафари корӣ меҳмонон аз маркази саломатии деҳаи Дубедаи Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, ки аз ҳисоби маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ бо тарҳи замонавӣ сохта шудааст ва лоиҳаи тиҷоратикунонӣ ва ҳосилнокии кишоварзӣ- «Нигоҳдории себ ва нок пас аз ҷамъоварӣ» дар деҳаи Гултеппаи Ҷамоати шаҳраки 30 — солагии Истиқлоли ноҳия боздид намуданд.

Мавриди зикр аст, ки анбори нигоҳдории себу ноки хоҷагии деҳқони «Хайриддин» дорои ғунҷоиши беш аз 300 тонна мева мебошад. Хоҷагии деҳқонии «Хайриддин» яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳия ба шумор рафта, ҷиҳати таъмини меваи хушсифат дар ноҳия ва берун аз он саҳми калон дорад.

Дар айни замон дар хоҷагӣ беш аз 25 нафар кор мекунанд, ки 12 нафари онҳо занони хонанишин мебошанд. Масоҳати умумии боғи себу нок 28 гектарро ташкил медиҳад. Дар вақти боздид аз боғи мазкур Аксел ван Тротсенбург, хонум Анна Бйерде ва ҳамроҳонашон бо деҳқонон суҳбат намуданд. Аксел ван Тротсенбург аз меҳмоннавозии самимонаи сокинони ноҳия, бахусус мардуми заҳматкаши деҳаи Гултеппа изҳори сипос намуд ва барои ҳамкории минбаъда сухан гуфт.

Зимни сафари корӣ аз тарафи Раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода ба меҳмонон барои ҳамкории судманд Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод супурда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод

Октябрь 10, 2022 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд