Намояндагони мизбони Конфронси оби СММ — 2023 — Тоҷикистон ва Нидерланд бо Президенти иҷлоси 77 — уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот карданд

Октябрь 20, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр мулоқоти мизбонони Конфронси СММ оид ба об дар соли 2023- намояндагони доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд дар СММ Ҷонибек Ҳикмат ва Ёка Брандт бо Президенти иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Чаба Корошӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Меҳвари суҳбатро масъалаи омодагӣ ба Конфронси 2023, ки 24-25 октябри соли ҷорӣ дар қароргоҳи СММ доир мегардад, ташкил кард. Бояд зикр кард, ки дар ин чорабинӣ мавзӯъҳои муколамаи интерактивии Конфронси 2023 ниҳоӣ хоҳанд шуд.

Дафтари Президенти иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид омодагии худро ҷиҳати бомуваффақият баргузор намудани Конфронси 2023 бо мақсади татбиқи саривақтии Ҳадафҳои рушди устувор, бавижа ҳадафи 6-уми он ва дастгирии мизбонони конфронс дар ин раванд изҳор намуд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор гардид.

Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд.

Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

Акс: ВКХ ҶТ

Октябрь 20, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид