Намояндаи Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Истанбул сухан гуфт
ДУШАНБЕ, 06.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия бо дастгирии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар мавзӯи «Кам намудани партовҳои озуқаворӣ дар Аврупо ва Осиëи Марказӣ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар кори он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода сухан гуфт, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат.
Дар доираи конфронс масъалаҳои кам намудани талафоти маҳсулоти озуқаворӣ баррасӣ шуда, зикр шуд, ки бо дарназардошти ҳолати имрӯзаи ҷаҳон, таъсири тағйирëбии иқлим, хушксолӣ, офатҳои табиӣ ва пандемия занҷираи таъмини маҳсулоти озуқаворӣ фалаҷ гардида, тибқи баҳодиҳиҳои охир, шумораи аҳолии ба озуқа дастрасӣ надошта афзоиш ëфта истодааст.
Дар ҷараёни конфронси байналмилалӣ иштироккунандагон бо мақсади мусоидат ва бартараф намудани ҳолатҳои мавҷуда истифодаи самараноки захираҳо, ҷорӣ намудани инноватсия дар истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, рушди кластерҳои агросаноатӣ, истифодаи тухмии зироати кишоварзии ба тағйирëбии иқлим ва хушкӣ тобоварро мувофиқи мақсад шумориданд.
АКС: Вазорати кишоварзии ҶТ








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






