Нашриёти «Ирфон» ҷилди 21-уми асари Пешвои миллатро таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба нашр расонид

Октябрь 22, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи нашриявии «Ирфон» ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷилди 21-уми асари гаронарзиши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти унвони «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баровард, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода.

Мавсуф зикр намуд, ки муассиса аз соли 2002 силсиламаҷмӯаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва аз соли 2006 тарҷумаи русии он- «Независимость Таджикистана и возрождение нации»-ро оғоз намуд. То имрӯз 20 ҷилди он бо забони тоҷикӣ ва 18 ҷилд бо забони русӣ ба табъ расидаанд.

Ҳамчунин ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ нашриёти «Ирфон» китоби Зубайдулло Раҳмонзода зери унвони «Шаҳди зиндагӣ»-ро бо теъдоди 500 нусха ба нашр расонид. Ҳамзамон дар муассиса ба пешвози ин ҷашни бузург чанд китобу дастурҳои классикони тоҷику форс ва муосир омодаи чоп мебошанд.

Бори аввал маротиба ба муносибати ин ҷашни давлатӣ китоби тиббии донишманд ва пизишки маъруфи тоҷику форс Абӯбакр Рабеъ ибни Аҳмад таҳти унвони «Ҳидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб» аз ҷониби муассиса барои чоп омода гардидааст. Ин асари нодири тиббӣ нахустин мартиба дар охирҳои асри Х дар шаҳри Бухоро ба табъ расида буд.

Ба гуфти Қурбон Ғуломзода, «Ҳидоят-ул-мутааллимин фи-т-тиб» китоби нодир, дастури бузург ва комилест, ки бештари масъалаҳои тиббиро дар шакли назариявӣ ва амалӣ инъикос менамояд. Ҷавҳар, мағзу моя ва мундариҷаи асосии китобро дастовардҳои тибби замони Сомониён, захираи луғавӣ ва забони осонфаҳми онро гулчини вожаву калимаҳои тиббии тоҷикии асримиёнагии сокинони шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Зарафшону Хуҷанд, Хатлон ва Бадахшон ташкил медиҳанд.

Бештари вожаҳо ва калимаҳои китоби мазкур ба фонди луғавии тиббӣ тааллуқ дошта, то як андоза барои хонандаи ғайримутахассис душворфаҳм мебошанд. Аз ин рӯ таҳиягарони китоби мазкур дар охири саҳифаҳо захираҳои луғавии забони тоҷикиро барои вожаҳои душворфаҳм оқилона истифода бурда, асарро оммафаҳм гардонидаанд.

Бояд гуфт, ки «Ҳидоят-ул- мутааллимин фи-т-тиб» то замони мо бо забони аслиаш омада расидааст. Таҳиягарон- олимони заабардасти тоҷик, докторони илмҳои тиб, профессорон Ю.Нуралиев, Ҳ. Рофиев ва М. Маллохоҷаев кӯшиш намудаанд, ки асар дар шакли асосӣ бо иловаи баъзе шарҳу эзоҳ ва тавзеҳоти калимаю ибораҳои душворфаҳм аз ҳуруфоти форсӣ ба хатти кириллӣ баргардонида шавад.

Китоби мазкур барои донишҷӯён, магистрантҳо, докторантҳо ва кормандони соҳаи тиб дастури хуби таълимӣ ва соҳавӣ мебошад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи давлатҳои ИДМ оид ба истифодаи неруи атомӣ бо мақсадҳои осоишта иштирок намуд
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 озмун эълон гардидааст
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2023» ҷамъбаст гардид
Ба «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» хроматографи ионӣ супорида шуд
Сарояндаи тоҷик, ғолиби озмуни «Ну-ка, все вместе!» Фаррух Ҳасановро дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз гирифтанд
Раиси вилояти Хатлон бо ҷараёни корҳои навсозии Мадрасаи Хоҷа Машҳад шинос шуд
«ИНЪИКОСИ ПИРЯХҲО ДАР ОСОРИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Дар Кӯлоб таҳти ин унвон намоиш ифтитоҳ ёфт
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Русия дар равобити байналмилалӣ нақши бориз дорад
Дар Душанбе Фестивали VI филмҳои фаронсавӣ доир мегардад
Овозхони тоҷик Фаррух Ҳасанов дар озмуни «Ну-ка, все вместе!»-и Телевизиони «Россия-1» ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ барномаи идона ташкил гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн аз саҳми шоёни рассомон ва санъатшиносон дар таҳияи Парчами давлатӣ ёдовар шуданд