Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ширкат дорад
ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар Остона ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ ба кор оғоз кард. Дар кори он Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ширкат дорад. Дар нишасти сарони ҳукуматҳо, ки аз соли 1991 инҷониб 80-умин ҷаласа хоҳад буд, дар назар аст беш аз даҳ санад оид ба рушди ҳамкорӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ қабул шавад, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз пойтахти Қазоқистон.
Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ба таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла масъалаҳои радионавигатсионӣ ва трансформатсияи рақамии саноати кимиё таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Дар бораи фаъолияти молиявию буҷетии ИДМ, аз ҷумла, дар мавриди маблағгузорӣ дар соли 2023 Низоми муштараки дифоии зиддиҳавоии кишварҳои узви Иттиҳод ва Барномаи байнидавлатии баланд бардоштани сифати зиндагии собиқадорони ҷанг, иштирокчиёни низоъҳои маҳаллӣ ва оилаҳои онҳо қарор қабул карда мешавад.
Барои тасдиқи Сарони ҳукуматҳо нақшаи амалиёти якҷояи давлатҳои аъзои иттиҳод оид ба муқовимати устувор бар зидди маводи зиддимикробҳо тартиб дода шудааст. Он барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ шуда, маҷмӯи тадбирҳоро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва амнияти экологӣ дар бар мегирад.
Қарор аст дар ҷаласа Барномаи навигатсионии байнидавлатӣ барои солҳои 2023-2026 қабул карда шавад, ки он бояд ба беҳтар кардани бехатарии ҳаракати нақлиёт, ҳамлу нақли мусофирон ва борҳои хатарнок тавассути истифодаи дастгирии навигатсия барои низомҳои кайҳонӣ ва заминӣ мусоидат намояд; кӯтоҳ кардани муҳлати омадани ёрии таъҷилӣ ва гурӯҳҳои таъҷилӣ; барои муборизаи босамари зидди ҷинояткорӣ ва терроризм бо роҳи пешниҳоди иттилооти кафолатноки фазоию вақтӣ дар бораи объектҳои мушоҳида шароити мусоид фароҳам оварад.

Ба гузориши ТАСС, ҳамчунин дар назар аст, ки Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои изтирорӣ дар бахши беҳдошти ҷамъиятии дорои хусусияти санитарию эпидемиологӣ ба имзо расад. Ҳуҷҷат «тартиби кори бригадаҳои махсуси зиддиэпидемияро оид ба ҳифзи санитарии фазои Иттиҳод ва механизми гузариши афзалиятноки онҳо аз марзҳои давлатӣ муайян мекунад».
Сарвазирон бояд консепсияи ҳамкории илмию техникӣ, технологӣ ва нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи он тасдиқ кунанд. Ин ҳуҷҷатҳо бояд «ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи таҳқиқоти инноватсионӣ бо назардошти истифодаи низомҳои нақлиётии зеҳнӣ, механизмҳои нави интиқоли иттилоот, техникаҳои роботӣ, пешрафтҳои био ва нанотехнология ва зеҳни сунъӣ мусоидат кунанд.
«Барои татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии кишварҳои узви ИДМ то соли 2030 қабули низомнома дар бораи тартиби аккредитатсия, шартҳои иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар он, инчунин танзимгар – Фонди рушди маркази таҳияи тиҷоратикунонии технологияҳои нав «Сколково» зарур аст.
Сарони ҳукуматҳо инчунин тасмим доранд, ки консепсия ва нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаи табдили рақамии саноати кимиёро баррасӣ кунанд.
АКС:АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






