ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад

Октябрь 24, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 24.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ борон меборад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 3-8 то 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбанда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм,  рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр бориши сусти барф  ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8+10 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 24, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад