Олимон аз давлатҳои ИДМ ва хорҷии дур дар Конференсияи байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика» дар Душанбе ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 20.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Олимони физики ватанӣ, инчунин аз давлатҳои ИДМ ва хориҷи дур дар шаҳри Душанбе дар конфронси VIII байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика», ки 21-22 октябр ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор мешавад, ҷамъ меоянд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Ҷамъомади илмӣ ба таври анъанавӣ аз соли 2008 баргузор мешавад. Олимони соҳаи физикаю техникӣ тадқиқоти худро барои баррасӣ пешниҳод менамоянд.
Мубоҳисаҳои илмӣ дар конфронс дар чанд бахш: «Тағйирёбии иқлим ва мушкилоти об», «Масъалаҳои энергияи барқароршаванда ва ғайрианъанавӣ» ва ғайра баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар мамлакати мо барои тадқиқоти илмӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст, пеш аз ҳама, ин ҷалби ҷавонон ба таълим ва равандҳои таълимӣ-тадқиқотӣ мебошад. Инкишофи илм бе муҳокимаи илмӣ, ҳамчун воситаи муҳокима ва ҷустуҷӯи ҳақиқат дар раванди тадқиқи масъалаҳои илмӣ имконнопазир аст. Онҳо ҳамсафари доимии олимон буда, барои ҳалли онҳо роҳу усул ва воситаҳои гуногуни тадқиқот пешниҳод карда мешаванд. Ҳамчунин ба воситаи машварату симпозиумҳо, конференсияҳои илмӣ ба ҷомеаҳои илмӣ пешниҳод намудани натиҷаҳои тадқиқоташон мебошад.
АКС: Институти физикаю техникаи ба номи С.Умаров








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






