ҶОМИ ОСИЁ-2023 ОИД БА ФУТБОЛ. Тоҷикистон дар аввалин бозӣ бар дастаи мунтахаби наврасони Муғулистон ғолиб омад

Октябрь 6, 2022 08:11

ДУШАНБЕ, 06.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи мунтахаби наврасони то 17- солаи  Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар оғози мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «Н» бар  дастаи  мунтахаби наврасони то 17-солаи  Муғулистон бо ҳисоби калони  3:0 пирӯз шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар дақиқаи 28-уми дидор бозигари Муғулистон Итгел Балчиндрож ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Ду голи дигарро Абубакр Сулаймонов ва Шеравган Саидов  дар ин бозии ҷолиб ба нишон расониданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи  Тоҷикистон   9 октябр бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе, соати 19:00 оғоз мешавад.

Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-сола ҳамаи дастаҳои қора дар 10 гурӯҳ иштирок доранд. Тибқи низомнома, ғолибони ҳамаи гурӯҳҳо ва 5 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ, ки моҳи майи соли оянда дар Баҳрайн баргузор мешавад, роҳхат мегиранд. 

                                                 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Октябрь 6, 2022 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад