ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Барои дарёфти ин ҷоиза мусобиқаи веломарафони оммавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Маросими ҷамъбасти Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба веломарафони оммавӣ миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», ки ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Баъди ба марра расидан ғолибон муайян гардида, бо Ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ҷамъбасти Чемпионат муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, Президенти Федеретсияи велосипедронӣ Озодхон Давлатшоев, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, директори муассисаҳои давлатии кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе Раҳматшо Камолов, инчунин намояндагони ВАО ва ҳаводорони ин намуди бозӣ ширкат варзиданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе









Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






