Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо» баррасӣ шуд

Октябрь 3, 2022 08:32

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баробарҳуқуқӣ, пешгирии зӯроварӣ ва ғайра  ҳамоиш-тренинги омӯзишӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.

Дар он қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон барои солҳои 2019-2022 баррасӣ гардиданд.

Раиси Кумита Ҳилолбӣ Қурбонзода дар ҳамоиш вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ибрози назар намуд.

Ҳамзамон намояндагони вазорату идораҳои дахлдор аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон доир ба амалишавии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», механизми миллии ҳисоботдиҳӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи коргарони муҳоҷир ва аъзои оилаи онҳо, тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он ва дигар масоили марбут ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра сухан гуфтанд.

Ҳамоиш бо ҷалби сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид.

Ҳадафи баргузории чунин машғулияти омӯзишӣ- баланд бардоштани малакаи касбии занону бонувон, таъмини амалишавии барномаҳои давлатӣ дар самти занон дар сатҳи маҳал ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳамзамон барои то ба 30 фоиз расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд. Кумита вазифадор гардид, ки марҳилаи нави Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030 таҳия намояд.

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 3, 2022 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд