Паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов бо медали биринҷии «Abu Dhabi Grand Slam 2022» ба Ватан баргашт

Октябрь 26, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов бо медали биринҷии Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Ватан баргашт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Темур Раҳимовро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе наздикону пайвандон, дӯстон ва намояндагони соҳаи варзиши мамлакат истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо дар АМА, ки аз 21 то 23 октябр бо иштироки 414 варзишгар (239 мард, 175 зан) аз 65 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 10 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд. Танҳо ба Темур Раҳимов муяссар шуд, ки соҳиби медали фахрии мусобиқа шавад.

Хотиррасон мешавем, ки ин медали сеюми Темур Раҳимов дар мусобиқаҳои Гранд Слам дар соли 2022 мебошад. Ӯ дар Гранд Слами Телавив ва Гранд Слами Анталия низ медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Ҳамчунин имсол дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо ҷои панҷум, дар Чемпионати Осиё ҷои дуюмро сазовор гардида, дар зинаи аввали рейтинги ҷаҳонӣ мавқеъ дорад.

Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» соҳиби 500 имтиёзи олимпӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки сайри ҷаҳонии гӯштини дзюдо соли 2022 бо Гранд Слами Боку (4-6 ноябр), Гранд Слами Токио (3-4 декабр) ва мусобиқаҳои ситораҳои дзюдо дар Байтулмуқаддас (20-22 декабр) ба анҷом мерасад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд