«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе Анҷумани сеюми ин ташкилоти ҷамъиятӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Анҷумани сеюми Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» доир гардид, ки дар кори он ҳайати Раёсат ва 600 нафар аъзо иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи рӯзномаи Анҷуман, Раиси ташкилот Абдулло Раҳмонзода оид ба фаъолияти он дар солҳои 2020-2022 гузориш дод.
Зикр шуд, ки назари Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон бисёр нек буда, барои тақвияти сиёсати давлатӣ дар ин самт, ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ин қишри аз лиҳози ҷисмонию зеҳнӣ тавонманди ҷомеа ҳамарӯза тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
«Яке аз самтҳои муҳим ва барои ҷомеа манфиатбахш- ин фаъолияти волонтёрӣ ба ҳисоб меравад, ки бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ин самти фаъолияти ҷамъиятӣ рушд намудааст. Ҳоло шумораи волонтёрон ба беш аз 15 000 нафар расидааст, ки ин далели равшани таваҷҷуҳи ҷавонон ба фаъолияти волонтёрӣ мебошад», — иброз дошт Абдулло Раҳмонзода.
Имрӯз дар саросари кишвар шабакаи васеи фаъолияти волонтёрӣ рушд карда истодааст. Он дар назди Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз соли 2017 муттаҳид карда шуда, волонтёрон дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат саҳми шоён мегузоранд.
Танҳо тайи солҳои 2020-2021 ва нуҳмоҳаи соли 2022 аз ҷониби волонтёрон — аъзои Ташкилоти «Пайравони Пешвои миллат» 17 ҳазору 222 чорабинӣ бо фарогирии 145 ҳазору 989 нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа амалӣ карда шуд.
Ҳамзамон дар гузориш зикр гардид, ки саҳми назарраси аъзои ташкилот дар маъракаҳои муҳими сиёсиву ҷамъиятӣ, интихоботи парламентӣ ва президентӣ, ҳашарҳо ва корҳои ободониву созандагӣ, баргузории аксияву ҳамоиш бо усули «Ҳамсол ба ҳамсол», барномаҳои гуногуни фарҳангию иттилоотӣ, омӯзишию маърифатӣ ва аёдату корҳои хайрхоҳӣ назаррас арзёбӣ карда шуд.
Ҳоло дар назди ташкилот беш аз 10 маҳфили гуногуни доимӣ фаъолият мебаранд, ки ба амалишавии озмунҳои ҷумҳуриявии эълоннамудаи Пешвои миллат мусоидат менамоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






