«ПАРЛАМЕНТҲОИ ҶАВОН – НИГОҲ БА ОЯНДАИ ИТТИҲОД». Дар Самарқанд таҳти ин унвон ҳамоиши байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои ИДМ доир шуд

Октябрь 27, 2022 13:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон  бахшида ба 30-солагии таъсиси ин созмон таҳти унвони «Парламентҳои ҷавон – нигоҳ ба ояндаи Иттиҳод» ҳамоиши байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои узви ИДМ баргузор гардид, хабар дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Самарқанд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ҷаласаи пленарии 54-уми АБ ИДМ ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон сафар намуд.

Дар кори ҳамоиш декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нурулло Қурбонализода, сардори Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода ва сармутахассиси раёсати мазкур Абдусамад Эсанқулов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сардори Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарлумонӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода ва декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Нурулло Қурбонализода зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри таъмини зиндагии шоиста ба ҷавонон, аз ҷумла омўзиши илму ҳунар ва ташаккули тарзи ҳаёти солим барои онҳо тадбирҳои муассир меандешад.

«Сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари фаъолияти  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Барои татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва густариши ҳамкории байналмилалӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст»,-зикр карданд номбурдагон.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Котиботи Шӯрои АБ ИДМ, таҳлилгарон ва дигарон ширкат доштанд.

Зикр шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи ҷавонони ИДМ ба густариши ҳамкории минбаъда заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Имрӯз ин ҳамкорӣ дар сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии таъсиси ин Ассамблея- ҷалби ҷавонон ба раванди рушди ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ, фароҳам овардани шароити мусоид барои мубоҳиса ва мубодилаи таҷрибаи ҷавонон дар фаъолияти парлумонӣ ва намояндагӣ аз ташкилоти ҷавонон, шинос кардани ин қишр  бо дипломатияи парлумонӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, фаъол будан дар ҷамъият ва ҷомеаи шаҳрвандии насли ҷавони Иттиҳод мебошад.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 27, 2022 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муҳокима гардид
Қонунҳои марбут ба партовҳо ва хоҷагии ёрирасон дар кумитаи Маҷлиси миллӣ баррасӣ шуданд
Дар кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия якчанд қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт