ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба

Октябрь 24, 2022 08:20

24.10.2022

Муҳтарам роҳбарон ва фаъолони иттифоқҳои касаба!

Ҳамаи роҳбарону кормандон ва аъзои иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро, ки дар татбиқи назорати ҷамъиятии ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоӣ ва меҳнатии заҳматкашон саҳмгузоранд, ба ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба табрик мегӯям.

Дар шароити муосир раванди муосири танзими муносибатҳои меҳнативу иҷтимоӣ яке аз воситаҳои таъмин намудани суботи иҷтимоии кишвар мебошад, ки ҳамкории муштараку мувофиқашудаи давлат, корфармоён ва мақомоти намояндагии кормандон, яъне иттифоқҳои касабаро ифода мекунад.

Вохӯрии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат бо намояндагони иттифоқҳои касаба, ки 24-уми октябри соли 2019 бори аввал дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор гардид, нишонаи возеҳи таваҷҷуҳ ва қадршиносии Ҳукумати мамлакат ба фаъолияти Иттифоқҳои касаба мебошад.

Қобили зикр аст, ки Иттифоқҳои касабаи кишвар дар сафҳои худ беш аз 900 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид намуда, ҳамчун шарики иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон дар татбиқи Созишномаи генералӣ, созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва шартномаҳои дастҷамъона нақши муҳим ва муассирро иҷро мекунанд.

Дар замони истиқлоли давлатӣ Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон роҳи самарабахшро тай намуда, на танҳо ягонагии сафҳои худро нигоҳ дошт, балки ба қувваи амалкунандае табдил ёфт, ки фаъолияти худро барои беҳтар намудани шароити меҳнат ва зиндагии аъзои иттифоқҳои касаба равона намудааст.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар як силсила ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.

Иттифоқҳои касаба ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ ва ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд.

Дар вохӯрии зикршуда бо фаъолони ин ниҳод баён намуда будам: «Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд».

Бовар дорам, ки соҳиби Рӯзи касбӣ гардидани Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба фаъолияти онҳо такони нав мебахшад.

Ба фаъолияти минбаъдаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуда, умедворам, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти намояндагии кормандони кишвар тавсеа меёбанд ва ин ниҳоди ҷамъиятӣ ба рушду тараққиёти боз ҳам бештари кишвари азизамон, таъмини суботи иҷтимоӣ ва ҳуқуқу кафолатҳои меҳнативу иҷтимоии кормандон мусоидат хоҳанд кард.

 

Октябрь 24, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд